Бахшҳо

Коҳиши қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон

Бонкҳои Тоҷикистон қурби як долларро, ки аз ҳадди 9 сомонӣ гузашта буд, ахиран поин бурда, имрӯз, 27-уми апрел расман 8,81-8,83 сомонӣ муайян намудаанд.

Тибқи овезаҳои бонкҳои кишвар қурби рубл низ каме поин рафта, имрӯз дар саррофиҳо 0,1535-0,1550 сомонӣ арзиш дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби долларро барои бозори байнибонкӣ 8.4776 сомонӣ, 1 евро = 9.2236 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1534 сомонӣ муайян намудааст.

Коҳиши қурби асъори хориҷӣ дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон ахиран аз ифтитоҳи 208 парвандаи маъмурию ҷиноӣ алайҳи долларҷаллобон иттилоъ дод. Ин ниҳод гуфт, шахсият ва макони 208 нафарро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шудаанд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.

Манбаъ афзуд, бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро нақз кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.
Мӯҳр
ман
Ана як милион доллари Фирӯз Холмуродзодаро, ки ба муомилот бароварданд доллар арзон шуд)))))

Умед Камолов
ман,Мардак бша и руз ба сари трам миея насиб тамошо к наханд

мухочир
доллархои карупсияро ба фуруш бароварданд

камбагал
Айбу гуноха дар сари чор валютшики сари рох бор мекнанду ин нарху навои сузишворию орда дигар паст намунанд чи? дар 1л сузишвори 1сомон дар сари 1халта орд аз 10то15 сомони дар 1кг шакар 1сомони дар 1кг гушт 10 сомони!!! курби асъор дар бонк паст шуд а нархи ин махсулота ки паст мекна?!

камбагал
Айбу гуноха дар сари чор валютшики сари рох бор мекнанду ин нарху навои сузишворию орда дигар паст намунанд чи? дар 1л сузишвори 1сомон дар сари 1халта орд аз 10то15 сомони дар 1кг шакар 1сомони дар 1кг гушт 10 сомони!!! курби асъор дар бонк паст шуд а нархи ин махсулота ки паст мекна?!


Хуб ки курбро паст кардед, нархро ки назорат мекунад ? Ооо инсоф доред ё не, каме хам бошад хотири маоши ночиз нарххоро хам паст фуроред. Тавба, ин корхо давом шавад Худо накунд ягон бало мешавад. Илтимос фикри мардуми камбагалу камбизоатро хам кунед охир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)