Бахшҳо

Оғози бунёди мактаби байналмилалии Бритониё дар Душанбе

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз, 28-уми апрел дар кӯчаи Тӯрақул Зеҳнии ноҳияи Шоҳмансур ба бунёди Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё, ки дорои 420 ҷойи нишаст дар як баст мебошад, оғози расмӣ бахшиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон арзиши корҳои сохтмонӣ 9 миллион сомонӣ буда, мактаби байналмилалӣ аз ду бинои 5 ошёна бо таҳхона иборат мебошад.

Манбаъ афзуд, ки дар муассиса баъди ба истифода доданаш дар маҷмӯъ 90 нафар бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид: “Ҳайати омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Бритониё даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усули муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.Тибқи дурнамо ва мувофиқаҳои қаблӣ бо шарикони бритониёвӣ, дар заминаи Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё ташкил намудани имтиҳоноти қабул барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Бритониёи Кабир ба нақша гирифта шудааст”.

Дар баробари ин раисиҷумҳур бо писараш дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе ба сохтмони бинои нави мактаби рақами 31-и ноҳияи Шоҳмансур оғоз бахшиданд: “Мактаби мазкур барои 1280 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, сохтмони он 2 марҳиларо дар бар мегирад. Арзиши лоиҳавии ин муассисаи нави таълимӣ 46 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон масъулинро барои анҷоми сохтмон то 1 сентябри соли 2018 муваззаф намудааст, зери бинои феъли мактаби рақами 31 ҳанӯз соли 1937 сохта шуда, барои 390 хонанда пешбинӣ гардидаст: “Вале имрӯз дар ин муассиса 1133 нафар хонанда дар ду баст ба таълим фаро гирифта шудаанд”.
Мӯҳр
Хамаи мактабхо дар шахр Дар тарафи Гулбутта ва Корвон ягон мактаб мешуда бошад????!!!!!!!

модар
Хеле хурсанд шудам аз ин хабархо. Бисёр мехохам фарзандонам дар Мактаби байналмилалии Тоҷикистону Бритониё хонанд.Аз ин ру хохиш мекунам нархи омузиш дар ин мактаб барои зинаи миёнаи хизматчиёни давлати, ки хамаги бо маош зиндаги мекунанд, мувофик бошад. Дар назар бояд дошт, ки минбаъд низ махз фарзандони хамин гурухи одамон ба хизмати давлати мераванд, фарзандони точирону безнисменхо пайи касби падар хоханд рафт.

Кори олиҷаноб шудааст. Нархномаи мактаби Бритониёро нашр кунед. Агар тавонем, ягонтаи аз фарзандонро ба он мактаб мегузаронем. Билохира Президент дарк кардааст, ки забони дунё забони англисист, на русӣ. Ҳеҷ гап не, дер бошиву шер бошӣ, гуфтаанд.

Maosho miyonai muallim dar Britoniyo 2000-3000 funt sterling(takhminan 4-5 hazor dollarro) tashkil medihad. Bad yagon anglis devon nashidaast ki ba Tojikiston omada dars dihas,, I hammash yak jhangom meboshad

sorbob,
Гапат қариб дуруст. Онҳо мутахассисонро аз худи Британия не, балки аз дигар кишварҳо мегиранд. Аҳ Ҳинд, Туркия, давлатҳои Африқо. Барои ташкилкунандагони кор маошро мумкин, ки ҳукумати Британия пардохт кунад. Онҳо фондҳои махсус доранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)