Бахшҳо
28 апр 2017 12:37Тоҷикистон / Акс

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

Соҳибкор Қурбонмурод Неъматзода, роҳбари ширкати “Роҳи тоҷик” таъмири 40 километр роҳҳои шаҳри Душанберо ба уҳда гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст, ки аз ҳисоби Неъматзода дар соли 2017 - 20 километр роҳ ва дар соли 2018 - 20 километри дигар бунёд гардад: “Аз ҷумла таъмиру таҷдиди роҳи кӯчаҳои Саидқул Турдиев ва Ҳамид Маҳмудови ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби ширкати "Роҳи тоҷик" амалӣ мешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз, 28-уми апрел аз кӯчаҳои мазкур дидан намуда, бо рафти роҳсозӣ шинос шудаанд. Дар назар аст, ки роҳҳои мазкур то ҷашни Истиқлол ба истифода дода шаванд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст 70 километр роҳҳои пойтахти кишвар бо риояи тамоми талаботи роҳсозӣ бунёд мегардад. Аз ҷумла роҳи мошингарди кӯчаи Муродулло Шерализодаи ноҳияи Сино аз ҷониби Изатулло Давлатов, раҳбари ширкати «Элит-Строй-Сервис» навсозӣ мешаванд: “Дар маҷмӯъ аз тарафи ин соҳибкори маҳаллӣ наздики 15 километр роҳҳои шаҳри Душанбе таъмир карда мешаванд”.

Инчунин Тоҳир Ҳукуматов, раҳбари «Заводи асфалту бетон» навсозии роҳҳои 10 кӯчаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо дарозии 15 километр ба дӯш гирифта, феълан амалӣ карда истодааст: “То имрӯз таъмири роҳҳои кӯчаҳои Юсуф Вафо ва Пахтакор ба итмом расида, дар дигар қитъаҳо корҳои сохтмонӣ идома дорад”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки соҳибкорони мазкур 15-уми феврали соли равон ҳангоми мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Душанбе омодагии худро барои бунёди роҳҳои пойтахт изҳор дошта буданд.


АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд

АКС: 3 соҳибкор таъмири 70 км роҳи Душанберо ба уҳда гирифтаанд
Мӯҳр
модаричон...
Э кош.. ,ягон сохибкор аз кучаи мо дар н.И.Сомони кучаи Куприн мегузашту рохамонро асфалт мекарданд ,обод мешуд.Вакте,ки ягон наклет мегузарад чангу хок дар осмон мехезад,,,охир ин кучаи мо дар марказ мебошад......!!


Хочи Курбон бечора дар карз гута задаасту не гуфта наметавонад. Хайр дар ягон чои дигар списат мекардагистан.

Ҳеҷ гап не. Он соҳибкорон масрафи кардагиашонро дертарак чанд баробар зиёд ҷуброн мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)