Бахшҳо

Қирғизистон ба шаҳрвандонаш бепул шиносномаи биометрӣ медиҳад

Президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо сарвазир Сооронбой Жээнбеков ва раҳбари дастгоҳи худ Сафар Исҳоқов муҳлати ҷорӣ кардани шиносномаҳои биометриро дар ин кишвар баррасӣ кард. Дар ин бора шуъбаи иттилооти дастгоҳи Отамбоев иттилоъ дод.

Сооронбой Жээнбеков қайд кард, ки роҳандозӣ кардани шиносномаҳои биометрӣ дар Қирғизистон яке аз шартҳои асосии ташкили ҳукумати электронӣ ва ворид шудани ин кишвар ба ояндаи рақамӣ тариқи иҷрои лоиҳаи пешниҳодкардаи президент - "Таз-коом" ба ҳисоб меравад.

Сарвазири Қирғизистон хабар дод, ки шаҳрвандони ин кишвар метавонанд, аз 1 май то 31 декабри соли 2017 шиносномаҳои биометриро ройгон дарёфт кунанд. "Муҳлати таҳияи шиносномаҳои нав ду баробар кам карда шуда, 14 рӯзро аз санаи пешниҳоди ариза ташкил медиҳад", - афзуд Жээнбеков.

Шиносномаҳои нави Қирғизистон маълумот дар бораи вазъи оилавӣ, маҳалли зист, шаҳрвандӣ, ҷинсият, зодгоҳ, акси рангаи соҳиби шиноснома, нақши ангуштони ҳар ду даст, имзои шахсӣ ва иттилооти дигареро, ки барои маълум кардани шахсияти одам ба ниҳодҳои дахлдор лозим аст, дар бар хоҳад гирифт.

Санади нав дар маҷмуъ 19 намуди иттилоъро фаро мегирад ва зарур шудани тағйири яке аз онҳо ба иваз кардани ҳамаи шиноснома боис хоҳад гашт.
Мӯҳр
Оё ин рост аст? Пас, Худо хайрашонро диҳад. Наинкӣ идораҳои Тоҷикистон, ба монандӣ шиносномадиҳӣ, нотариус, МБТИ! Агар корафтодаи онҳо шудӣ, пустат мекунанд.

Чалолудиндд
Дар кишвари мо ягон намудри хизматрасони бе пул мешида боша ???????илтимос чоп кунед

Илтимос комменти Маро чоп кунед

беном
Чалолиддин! Шумо холо хам намедонед, ки хизматрасонии бепул хаст. Хаст аз дарё об нушидан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)