Дар Душанбе аз собиқадорони ҷанги СССР дар Афғонистон ёд карданд (АКС)
Дар Душанбе ба хотири гиромидошти ҷанговарони интернатсионалист ё собиқадорони ҷанги шӯравӣ дар Афғонистон ҳафтаи “Поси хотир” роҳандозӣ шуд.
Ин маросим дар дар назди муҷассамаи қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ -- Александр Мироненко бо ҳузури собиқадорони ҷангу меҳнат, намояндагони шаҳрдориву ҳукумати ноҳияи Синои пойтахт ва Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон шурӯъ гардид.
Шарофиддин Шарипов, раҳбари Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин маросим ҳамчунин ба 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ бахшида шудааст: “Мо иштирокчиёни ҶБВ-ро ҳам даъват кардем”.
Ба иттилои Шарипов, аз Тоҷикистон дар ҷангҳои Афғонистон 15600 нафар иштирок намуда, 364 нафари онҳо дар хоки кишвари ҳамсоя ҷон додаанд: “Ду нафар -- Александр Мироненко ва Набӣ Акрам унвони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаанд”.
Ӯ афзуд, дар қаламрави ҷумҳурӣ 443 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буда, аз ин теъдод 55 нафар дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.
Ҳафтаи “Поси хотир” ҳамасола аз 2 то 9 май доир мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |