Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон саҳми тоҷикистониёнро дар пирӯзӣ бар фашизм дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ хеле бузург унвон кард. Худобердӣ Холиқназар раҳбари ин марказ дар як ҳамоиши ихтисосёфта дар шаҳри Душанбе гуфт, солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мардуми тоҷик таҳти шиори “Ҳама ба фронт, ҳама барои ғалаба” кору зиндагӣ намуда, дар таъмини ғалабаи бузург бар фашизм саҳми беназир гузоштаанд.
Аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар дар муҳорибаҳо алайҳи фашизм иштирок намуда ва 92 ҳазор тани онҳо барнагаштанд. Хабарнигори “Озодагон” дар арафаи 72-юмин согарди Ғалаба дар ҶБВ муҳимтарин нуктаҳои марбут ба ин ҷангро гирд овардааст.
Мӯҳр