Бахшҳо
18 май 2017 12:27Тоҷикистон / Сиёсат

Eureporter: Даъвоҳои нави Чин бар қаламравҳои Тоҷикистон

Сомонаи eureporter.co матлаби муаллиферо бо номи Олга Малик бо номи “Даъвоҳои арзии Чин дар Тоҷикистон нигарониро ба вуҷуд овардааст” ба забони инглисӣ нашр намуда, ки дар он гуфта мешавад авҷи наве аз даъвоҳои арзии Чин ба бор омадааст.

Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки охири соли 2016 шуморе аз олимони чинӣ барои гузаронидани тадқиқот дар мавзуи мансубияти қисме аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин дархост дода буданд.

Муаллиф навиштааст, ки директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон, д-р Акрамӣ (Зикриё Акрамӣ - Озодагон) бо ҳамроҳонаш ҳангоми сафари худ ба Чин дар соли 2016 ин масъаларо бо олимони чинӣ баррасӣ карда буд ва гузаронидани тадқиқотро ба нақша гирифтанд, ки имкон дорад онҳо фактеро собит кунанд, ки қисме аз қаламрави Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон таърихан ба Чин мансуб аст. Дар ин матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, ки олимони чинӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳафриёти бостоншиносӣ мегузаронанд ва маблағгузории ин лоиҳаро Донишгоҳи политехникии Хян ба дӯш гирифтааст.

Ба навиштаи муаллифи ин мақола дар марҳилаи аввали ин лоиҳа тарҷумаи шашҷилдаи Таърихи халқи тоҷик анҷом дода мешавад, ки онҷо фактҳои ҷиддие дар мавриди таърихи пешина ва қадимаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки имкон дорад ончиро олимони чинӣ тасдиқ кардаанд, собит кунад.
Ба навиштаи муаллифи мақола дар марҳилаи дигар гузаронидани тадқиқот дар водии Бешкент ва ноҳияи Данғара дар назар аст, ки он ҷо бозёфтҳои бисёри марбут ба давлати Юэҳчӣ (government of Yuezhi (асрҳои I-II эраи мо) пайдо карда шуда буданд. Бозёфтҳо ба Юэҳчӣ ба гуруҳи этникии чиниҳо мансубанд, аммо бисёриҳо саҳван онро қисме аз гуруҳҳои юнонӣ донистаанд.

Муаллифи ин матлаб дар қисмати хулосавӣ навиштааст, ки “бостоншиносон, таърихшиносон ва дигар олимони Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки ахиран Чин ба омӯхтани қаламравҳои баҳсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти бартарии ошкори иқтисодиву сиёсӣ ва султаи Чин бар Тоҷикистон муваффақ мешавад”.

Муаллифи мақола ҳамчунин зикр кардааст, ки қитъаҳои замини баҳсие, ки Чин муддаӣ аст, дорои миқдори зиёди тилло ва дигар фулузоту менералҳои гаронарзиш мебошанд.

Навиштаи ин муаллиф дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон баҳси марзии Чин бо Тоҷикистонро дар соли 2011 бо додани 1 ҳазору 158 километри мураббаи бахше аз хоки худ ниҳоишуда номид. Он замон вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон додани хоки кишваро ба Чин ва ниҳоӣ кардани баҳси марзӣ бо ин кишварро “бурди дипломатияи тоҷик” унвон карда буд, ки ба вокунишҳои шадиде рӯ ба рӯ гардида буд.

Тоҷикистон бо Чин ҳудуди 500 километр марзи муштарак доранд ва дар соли 2002 Душанбе созишномаи ҳалли баҳси марзӣ бо Чинро имзо кард ва дар январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон ин созишномаро ба тасвиб расонид. Ин амр вокунишҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Аммо мақомоти Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки бо ин иқдом Тоҷикистон на замини худро ба ихтиёри Чин додааст, балки як мушкили умдаи таърихро ҳал кардааст.

6 сол пеш Тоҷикистон 1 ҳазору 158 километри мураббаъ аз заминҳои ба истилоҳ “даъвоӣ”-ро ба Чин таслим намуда, таъкид карда буд, ки бо ҳамин баҳси марзии миёни ин ду кишвар хотима ёфт ва ин иқдом ба ташхис ва аломатгузории хати сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Чин нуқта гузошт. Вале ин мавзӯъ то ҳол мавриди интиқоди намояндагони матбуот ва ҷомеаи Тоҷикистон қарор мегирад. Аслан Чин сари 20 ҳазор километри мураббаъ хоки Тоҷикистон даъво дошт, вале дар ниҳоят, гуфта мешавад, Тоҷикистон хостаҳои Чинро бароварда накард.

Дар ҳамон соли 2011-ум низ Сӯҳроб Шарифов, ки вазифаи раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, нишасти хабарӣ доир намуда, аз тавофуқи ҳосилшуда ҳимоят карда, гуфта буд, ки "агар Чин то Хоруғ ҳамла карда меомад, чӣ кор мекардем?".

Он замон баъзеҳо мисли Шарипов аз он нигарон буданд, ки тақдими қаламрав ба Чин имкон дорад, боиси бӯҳрони сиёсӣ шавад. Яке аз сабабҳои барканоршавии президенти Қирғизистон Аскар Оқоев дар соли 2005-ум созишномаи табодули қаламрави Қирғизистон бо Чин гардид, ки ба қавли мухолифони Оқоев, ба нафъи Чин анҷом ёфт.

Ҳоло мақомот ва ҳам баъзе коршиносон бар ин назаранд, ки рафъи мушкили марз миёни Тоҷикистону Чин роҳро барои сармоягузориҳои Пекин дар иқтисоди Тоҷикистон боз намуд. Феълан Чин дар соҳаи таъмиру сохтмони роҳҳои мошингарди Тоҷикистон, бозсозии корхонаҳои тилову филизот, тавлиди нерӯи барқ ва дигар соҳаҳои хоҷагии Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Он замон бархе аз донишмандони кишвар низ додани хоки Тоҷикистон ба чинро иштибоҳ номида буданд. Аз ҷумла академик Раҳим Масов, раиси вақти Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон ҳукумати Тоҷикистонро барои ба Чин додани як ҳазор километри мураббаъ аз қаламрави кишвар интиқод кард. Ӯ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо “Радиои Озодӣ” таслими 3 дар сад аз қаламрави Тоҷикистон ба Чинро, иштибоҳи дипломатҳои тоҷик хонд, ки ба гуфтаи ӯ бо олимон машварат намекунанд: "Онҷо терротирияи муқимии қадимии тоҷикон аст, на замини хитоиҳо. На манзилгоҳ на нишонии таърихии онҳо дар ин қаламрав нест. Мо инро исбот карда навишта ва ба аъзои ҳукумат додем. Як кас аъзои комиссия буд, гуфт "хай ҳамин кӯҳ будай да, додан гиред. Наваду се фоизи Тоҷикистон кӯҳ аст, баъд додан гирем, баъд чӣ мемонад ба мо".

Худойбердӣ Холиқназаров, директори ҳозири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ки пештар вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва замоне муовини сафири Тоҷикистон дар Чин ҳам буд дар соли 2011 гуфта буд, ки мутмаинан Чин дигар даъвои марзӣ бо Тоҷикистон нахоҳад дошт ва баҳси заминро ҳам фурӯкаш хоҳад кард: «Мо 999 километри квадратӣ дода бошем, Русия аз мо се баробар бештар дод ба Чин. Қазоқистон аз мо ду баробар зиёд дод. Вале ин масъала баҳс намешавад. Масъалаи баҳси додани замин не, балки ҳалли баҳси марзӣ миёни ду тараф буд. Масъала ҳал шуда ва дигар даъвое боқӣ намондааст».

Замоне, ки додани замини Тоҷикистон ба Чин доғ буд вазири умури хориҷии вақти кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфта буд, ки “Чин бар асоси созишномае бо номи «Марғелони нав», ки бо Русия дар моҳи майи солҳои 1884 ба имзо расидааст, бозгардони беш аз 28 ҳазор километри мураббаъ дар вилояти Бадахшонро талаб мекард. Вале Тоҷикистон тавонист муваффақ шавад, ки бо додани наздики чаҳор дар сад аз минтақаи баҳсноки замин бо Чин, ин баҳсҳро барои ҳамеша аз байн бубарад”.

Ҳоло ки расонаҳои хориҷӣ аз вуҷуди даъвоҳои нави арзии Чин менависанд, суол пеш омада, ки оё ин гуна сару садоҳо воқеият доранд ё тавтеаҳои нави кишвару созмонҳои вижаи хориҷӣ перомуни муносиботи гарму танготанги Тоҷикистон бо Чин мебошанд? Ба ҳар ҳол мавзӯъ ба соддагие нест, ки пиндошта мешавад...
Мӯҳр
Су Чон Шо
Чин аллакай кулли Точикистонро бо расонидани "кумакхояш" гирифта истодааст. Танхо начоти мо бо хости Худост

Калби сузон
Агар даъвои таърихи карда хиссаи заминро талаб кардан гирем, нисфи чахон ба Искандари Макдуни тааллук дошт. Дертар Тамоми Эрону Осиёи Миёна ва кисмате аз Афгонистон ба давлати Сомониён, баъдат ба мугулхо... Мо даъвои сохибият ба Самарканду Бухоро намекунем ку! Акнун Хитой пул дорем гуфта когазхои хазорсолая бардошта замин талаб кардан гирад, пурра Точикистона мухтори Давлати Мардумии Чин эълон кунем монем!

Як бор додӣ, одат мекунӣ. Бо ягон баҳонае боз медиҳӣ. Ва боз, ва боз, ва боз!

Ана чандин маротиба гуфта будпам ," Саломи дӯстон бе тамаъ набувад" имрузҳам ёдовар мешавам .
Ба фикрам Тоҷикистонро бо ҳамаи тарқишҳояш ошно шуданд хуб омухтанд дар куҷо кадом боигариҳост (шашри бедарвоза ҳамин аст) он Миллиарҳое бо Ҳукумати Тоҷикистон доданд гумон мекунам акнун дар талаби он мешаванд (дӯстони тоҷики) ...
То ҳамин замонҳам қисмҳои зиёди ТҶ дар ихтиёри онҳост , ҳар руз бо фахр мегуянд (фалон замину корхонаҳоро ) бо ширкатҳои чини додем ,танҳо 5 ё 10% бо мо манфиати мост! Ҳаминҳам ҷои фахр шудми ?

Коршинос
Ин як навиштаи муғризона ва кадом як бемағз аст.
Аввалан нагуфтааст, кадом олимҳои Чин.
Дувум, кадом институт ё донишгоҳ буданаш ҳам дақиқ нест, дар матни англисӣ танҳо навишта шуда, ки Донишгоҳи Политехникие дар Сиан (!). Хуб, бигзор ки Донишгоҳи Политехникии Сиан (Xi'an Polytechnic University - ин аст номи дурусташ бо англисӣ) бошад, лекин дар он донишгоҳ ягон ришта ё факултае нест, ки ба ин масъалаҳо сару ор дошта бошад.
Севум, олиму донишманду муллову суфиҳо аз ҳар ду тараф чи қадаре мехоҳанд, баҳс кардан гиранд. Дар бораи протсесси ҳалли масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Чин собик вазири корхои хоричи Зарифи як китобе ҳам навиштааст. Дар он тамоми воқеа, санад ва гуфтушунидҳои таърихӣ хуб оварда шудаанд. https://www.ozodagon.com/index.php?newsid=16074
Чаҳорум, Озодагон, пеш аз чизеро ба фазои иттилоотӣ "партофтан" аввал санҷед, аз барои Худо, то кай мисли газетаи Дайҷест кор мекунед. Ҳирфаитар шавед.

НИГАРОН
Ин масъал дар хакикат чойи нигарони дорад, зеро Чин соли 2011 чун ба осони заминро гирифт, акнун хамон методро истифода мебараду боз талаб мекунад дия... Аммо мо ТОЧИКОН, ки мардуми хеле хирадману сохибтамадун хастем мегуему дар шеъру таърихамон аз Самарканду Бухоро мисол меорем, аммо чаро як маротиба аъво намекунем, ки ин шахрхо сирф моли ТОЧИКОН аст... Ин Чини хамсоя, акнун кумак мекунам гуфта пояшро арозтар карда истодааст ...... Ё шоя аз муносибатхои гарми хамсяохо ашми душман сих зада истодаасту мехоханд боз ягон мочарои дигари марзиро ба миён биёранд. Ба хар хол ХУШЁРИЮ ЗИРАКИИ СИЁСИРО набояд аз даст дод!!!!

Зилли Коршинос
НИГАРОН
Бародар Коршинос. Худта сахт англисидон гирифтагииву неки ба фикрам англисра бомба мефахми. Дар матни англиси омадаастки донишгохи политехнекие ки дар шахри СиАн вокеъ аст, пурра маблаггузории лоихаро ба душ гирифтааст на ин ки он донишгох факултаи таъриху чизи дигар дорад ё не.

Обооо,дар телевезион то динара давлати Чинро тариф мекардан,ки роху корхона бунед мекунад! Имруз чи шуд?

бахархол
Худуди Чинро худи чинихо хазорсола пеш бо бардоштани Девори Бузурги Чин, ки алхол низ аз кайхони дур чашмрас аст, дакик марзгузори намуда буданд. Дигар ин даъвохояшон ягон асоси конуни надоранд. Кошгар,Тошкургон ва гирду атрофи он аз кадим мулки мардуми мо буд,хаст ва мемонад. Ин бахс расман низ баста шудааст ва хоччати бод додани он низ нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)