Эмомалӣ Раҳмон Муъмин Қаноатро табрик кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 85-умин солгарди мавлуди Муъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷикро шодбош гуфтааст.
Паёми шодбошии Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз, 20-уми май дар маросими таҷлили 85-солагии Муъмин Қаноат дар толори Академияи улуми Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раисиҷумҳур оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ қироат кард.
Раисиҷумҳур Муъмин Қаноатро аз шахсияте хонд, ки дар муаррифии Тоҷикистон саҳми беандоза дорад. Ӯ гуфтааст, ашъори Муъмин Қаноат чанд наслро дар руҳияи ватандустӣ тарбият намудааст.
Муъмин Қаноат, ки имрӯз, 20-уми май 85-сола шуд, муаллифи асарҳои машҳур, аз ҷумлаи “Сурӯши Сталинград”, “Мавҷҳои Днепр”, “Тоҷикистон исми ман”, “Масъуднома”, “Гаҳвораи Сино” ва даҳҳои дигар мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |