Бахшҳо
29 май 2017 14:22Ҳуқуқи инсон

Зулайхои хурдакак кай падару модарашро мебинад?

Зулайхои чаҳорсола бобову бибиашро падару модар мегӯяд, вале намедонад, ки падари воқеиаш ҳазорҳо километр дуртар аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуда ва модари ӯро низ бо худ бурдааст.

БОБОВУ БИБӢ: ҶОИ ПАДАРУ МОДАРРО ПУР МЕКУНАНД...

Сафармоҳ Азизова, бибии Зулайхо қисса кард, ки духтарча чормоҳа буд, вақте падараш ба Русия рафт. Модараш бошад дар нуҳмоҳагӣ вайро ба бобою бибиаш супориду пеши шавҳараш рафт. Аз он вақт то кунун нигоҳубини кӯдак бар ӯҳдаи онҳост.

Дар нимаҳои соли 2014 волидони Зулайхо аввал барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанд. Дар аввалҳои соли 2015 маъмурони милисаи ноҳияи Фархор ба Иброҳим Сафаров – бобои Зулайхо – гуфтанд, ки писараш Сафаралии 27-сола ва ҳамсараш Лутфияи 25-сола ба Ироқ рафтаанд.

“Дар шӯъбаи милисаи Фархор шумораи телефонеро, ки писарам ба ман занг зада буд, нишон доданд. Гуфтанд, ки писаратон аз Ироқ тамос гирифтааст. Ман дигар дасту по хӯрдам ва дар ҳайрат афтодам”, - нақл кард Иброҳим Сафаров.

Бобову бибии Зулайхо мегӯянд, пеш аз шунидани ин хабар писарашон бо онҳо тамос гирифта гуфтааст, ки барои кор дар як фермаи Маскав муваззаф шуд. Барои ҳамин, ба қавли онҳо, иттилои милиса барояшон ногаҳонӣ ва такондиҳанда будааст. Аммо Сафармоҳ Азизова, модарбузурги Зулайхо, мисли ҳамаи модарони ба истилоҳ “ҷиҳодиҳои” дигар, писарашро ба гунае сафед мекунад ва мегӯяд, “онҳо намедонистаанд ба куҷо рафта истодаанд ва баъди рафта расидан фаҳмидаанд, ки куҷо омадаанд. Онҳо ба нияти бад ба онҷо нарафтаанд. Ман доим бо телефон суҳбат мекардам, вақте фаҳмидем, гуфтам чаро рафтед ба ин роҳ, изҳор доштанд, ки пушаймон шудаем”.

43 ХОНАВОДА, АЗ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СУРИЯВУ ИРОҚ

Коршиносон мегӯянд яке аз омилҳои рафтани занҳо ба ҷангҳои Сурияву Ироқ зери фишори хонадон қарор гирифта, маҷбур шуда, ҳамроҳи ҳамсаронашон ба ин кишварҳои ҷангзада рафтан аст.

Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи кор бо занон, гуфтааст, бинобар итоаткории "ғуломона" ин занҳо ҳуқуқи гирифтани оддитарин тасмимро ба таври мустақил надоштаанд. Ӯ гуфтааст, “як шумораи кам бо фиреби дигарон ва зери таблиғоти дурӯғини онҳо (ба Сурияву Ироқ) рафтаанд. Аммо дигар занҳо ба хоҳиши бародарону шавҳарони худ муқобилият карда натавониста ба ин роҳ рафтаанд. Ҳоло пас аз марги шавҳар сахттарин рӯзҳоро пушти сар мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки барояшон барои берун шудан аз минтақаҳои ҷангзада ёрӣ расонда шавад, вале ҳоло вазъияти онҳоро тағйир додан бисёр мушкил аст”.

Зулайхои хурдакак кай падару модарашро мебинад?Ҳоло ҳисоб шудааст, ки аз соли 2015 то аввали соли 2016 дар бештари ҳолатҳо занон аз вилояти Суғд ва Хатлон ба Ироқу Сурия сафар кардаанд. Ба унвони мисол, дар миёни 73 хонаводе, ки аз вилояти Суғд ба ин кишварҳо сафар кардаанд, 80 зан ва 32 духтари ҷавон будаанд. Аз 43 хонавода, ки аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои таҳти назорати гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” рафтаанд, 47 зан ва аз ин ҳисоб 23 танро духтарони ҷавон ташкил медиҳанд".

Аммо Зулайхо ягона кӯдаке аз ноҳияи Фархор ҳаст, ки волидонаш ӯро ба сарпарастии бобову бибӣ гузошта, сарнавишти норӯшанеро интихоб кардаанд. Ва мумкин ин амали волидонаш сабаби зиндгонии осудаи ин кӯдак бошад.

Бобову модарбузурги Зулайхо намедонанд, ки Сафаралӣ ва ҳамсараш дар куҷоянд ва сарнавишти онҳо чӣ шуд. Аммо мегӯянд, то зиндаанд духтарчаро нигоҳубин мекунанд, то эҳсос накунад, ки ятим мондааст.
“Мо ягон бор нагуфтем, ки падару модарат нестем. Вай ба мо мисли падару модараш меҳр дорад ва чӣ гуна метавонем ӯро дилшикаста кунем”– суол гузошт Сафармоҳ Азизова.

Мақомоти милисаи ноҳияи Фархор мегӯянд, ки танҳо аз ин ноҳияи вилояти Хатлон, зодгоҳи Зулайхо, аз соли 2015 то соли 2016 24 нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Дар ду-се соли ахир беш аз ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайваста, бар пояи маълумоти додситони кули Тоҷикистон, беш аз 300 нафари онҳо аз соли 2015 то 2016 дар ҷангҳо кушта шуданд.

Муҳаммадҷон РАҲМАТОВ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)