Бахшҳо
29 май 2017 14:48Ҳуқуқи инсон

Маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ сабаби афзоиши ҷиноятҳо

ВКД-и Русия шаҳрвандии Аброр ва Акрам Азимовҳоро, ки дар ҳамдастӣ дар таркиши метрои Петербург гумонбар мешаванд, бекор кардааст. Дар ин бора намояндаи расмии ВКД ФР Ирина Волк ба "Интерфакс" хабар додааст.


Мувофиқи иттилои вазорат, зодагони Қирғизистон, бародарон Азимовҳо ҳамроҳи падарашон дар аризаи худ барои шаҳрвандӣ маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандии бародаронро Додгоҳи ноҳияи Свердловск бекор кардааст.

Пештар “Интерфакс” аз бекор шудани шаҳрвандии Акбарҷон Ҷалилов, яке аз муттаҳамони асосии таркиши Петербург хабар дода буд. Дар шарҳи бекор шудани шаҳрвандии Ҷалилов ҳам гуфта буданд, ки ҳангоми пешниҳоди ариза барои дарёфти шаҳрвандӣ маълумоти бардурӯғ ироа кардааст.

Лоиҳаи қонун дар бораи омилони ҷиноятҳои хусусияти террористиро маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия аз сӯи роҳбарони чор фраксияи Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда буд. Чуноне ки аз матни лоиҳаи қонун бармеояд, гап дар бораи онҳое меравад, ки шаҳрвандиро баъдан гирифтаанд. “Асос барои бекор кардани шаҳрвандии бадастовардаи Федератсияи Русия ҳукми суд барои содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ аст” –гуфта мешавад дар тарҳи қонун.

Муаллифони лоиҳаи қонун Владимир Василев аз ҳизби "Русияи воҳид", Геннадий Зюганов аз ҳизби коммунистӣ, Владимир Жириновский аз ЛДПР ва Сергей Миронов аз “Русияи одилона” ҳастанд.

Дар тарҳ тағйирот ба моддаи 22-и Қонуни федералӣ “Дар бораи шаҳрвандии Федератсияи Русия”, дар назар аст, ки заминаи бекор кардани шаҳрвандии Русия зикр шудааст. То имрӯз танҳо як асос барои бекор кардани шаҳрвандӣ дар қонуни мазкур зикр шудааст: “Дар ҳолати фош шудани қалбакӣ будани ҳуҷҷатҳо ё маълумоти бардурӯғ дар бораи худ”.

Аммо Конститутсияи Русия хилофи бекор кардани шаҳрвандӣ аст. Мутобиқи банди 3-и моддаи 6, "шаҳрванди Русияро аз шаҳрвандӣ ё ҳуқуқи тағйир додани он маҳрум кардан мумкин нест".

Пештар аз ин маҳрум кардани шаҳрвандии гумонбарон дар терроризм дар “бастаи иловаҳо бар зидди терроризм” пешниҳод шуда буд. Ин мавзӯъро президенти Русия Владимир Путин баъди маълум шудани он ки гунаҳкори таркиш дар метрои Санкт-Петербург соли 2011 шаҳрвандии Русияро гирифтааст, аз нав зинда кард. “Мутобиқи Конститутсияи Русия, мо ҳаққи касеро аз шаҳрвандӣ маҳрум кардан надорем. Вале мо метавонем, он қарорҳоеро бекор кунем, ки барои ба даст овардани шаҳрвандии Русия асос шудаанд. Мо бо ҳуқуқшиносон маслиҳат мекунем ва ман фикр мекунам дар ояндаи наздик чунин қарор қабул мегардад”,- дар як мусоҳибааш бо шабакаи “МИР-24” изҳор дошт Владимир Путин.

Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик мегӯяд ин фишанги навбатӣ дар танзими муҳоҷирони меҳнатӣ аст: “Агар дар Русия ин қонун қабул шавад, ҳар муҳоҷири меҳнатиро метавонанд тамғаи террорист зада, аз шаҳрвандии Русия маҳрум кунанд. Ин як навъ мубориза бар зидди муҳоҷирони меҳнатӣ мешавад, аммо роҳи ҳалли проблема ин нест”.

Дар мавриди қабули чунин тарҳ дар Тоҷикистон Нуралӣ Давлат мегӯяд: “Ҳар коре, ки дар Русия мешавад, дар Тоҷикистон такрор мекунанд”.

Аммо сухангӯйи Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат бо мо пешниҳоди ин тарҳро дар Русия ба сиёсати ин кишвар вобаста донист ва гуфт: “Қабул кардан ё накардани ин тарҳ тасмими ҳукумати Русия аст. Аммо айни ҳол дар Тоҷикистон тарҳ ё пешниҳоде дар мавриди маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ нест”.

Ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова мегӯяд, бекор кардани шаҳрвандӣ бе ҳукми суд поймол кардани ҳуқуқи инсон аст: “Маҳрум сохтан аз шаҳрвандӣ бе ҳукми суде, ки ӯро гунаҳкори ҷиноятҳои махсусан вазнин, аз ҷумла, терроризм эътироф кардааст – зидди принсипи “эҳтимолияти бегуноҳӣ буда”, ҳуқуқҳои инсонро поймол мекунад. Бояд гуноҳи шахс пурра бо далелҳои дақиқ исбот шуда бошад”.

Самадова мегӯяд, агар шахс бо асос ё баҳонае аз шаҳрвандӣ маҳрум гардад, бояд имконияти шикоят ба мақомоти судиро дошта бошад: “Ҳатто, агар шаҳрвандии шахсро бо дигар “асос ё баҳона” бекор намоянд, ба шаҳрванд бояд имконият барои овардани шикоят аз болои чунин қарор дар судҳои болоӣ фароҳам оварда шуда бошад”.

Дилрабо Самадова изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар Русия муҳоҷиронро сарчашмаи терроризм медонанд. Ӯ мегӯяд, бекор кардани шаҳрвандӣ ё маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ҳеч гоҳ роҳи ҳал буда наметавонад. Зеро шахсоне ки аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд як гуруҳи осебпазирро ба вуҷуд меоранд, ки аз ноилоҷӣ метавонанд ба ҷиноятҳои гуногун даст зананд: “Ба ақидаи кормандони мақомоти давлатии Русия, гӯиё муҳоҷирон сарчашмаи асосии терроризм шудаанд, агар чунин бошад, бояд шароит фароҳам овард, ки муҳоҷирон дар шароитҳои қонунӣ кор ва фаъолият намоянд, музди корашонро саривақт гиранд, ва қурбонии ноадолатӣ нагарданд. Маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ ин роҳи ҳалли масъала нест, баракс, агар ин таҷрибаро ҳама давлатҳо давом диҳанд, шахсони бешаҳрвандӣ зиёд шуда, ин гуруҳи осебпазири ҷамъият метавонад ба ҳар роҳҳои ғайриқонунии зиндагӣ шомил шаванд, аз ҷумла хариду фурӯши одам, терроризм, наркобизнес”.

Дар ҳамин ҳол Шабакаи “НТВ” хабар медиҳад, ки воҳидҳои махсуси Русия дар ҳамбастагӣ бо пулис ва Хадамоти амниятии кишвар дар Маскав амалиёти «Анаконда» мегузаронанд. Дар давоми ин амалиёт ҳамчунин шахсони зодаи Осиёи Миёна, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, тафтиш карда мешаванд.

Ба парлумони Қазоқистон низ тарҳи қонуне ба ҳамин мазмун дохил шудаву дар баррасӣ аст. Вазири адлияи Қазоқистон Марат Бекетаев 25 апрел дар шаҳри Остона гуфт, ҷазои маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ дар банди 21-уми лоиҳаи кодекси нави ҷиноии ин кишвар пешбинӣ шудааст. Пешниҳоди бекор кардани шаҳрвандии шахсоне, ки ба содир кардани ҷинояти сангин зидди манфиатҳои Қазоқистон айбдор дониста мешаванд, соли равон таҳия ва ба порлумон ироа гашт. Ба ин навъи ҷурм, ҷиноятҳои махсусан вазнини террористӣ ва амалҳое, ки зидди сохти конститутсионӣ, истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат равона шудаанд, шомил мешаванд.

Вазири адлияи Қазоқистон мегӯяд, лоиҳае ки ҳоло онҳо таҳия ва ба порлумон пешниҳод карданд, ягон ҳадаф ё ангезаи сиёсӣ надорад. "Танҳо мехоҳем, шаҳрвандоне, ки ба сафи гуруҳҳои тундрав пайвастаанд, имкони бозгашт ба Қазоқистон ва паҳни ақидаҳои худро дар ватан надошта бошанд", - афзуд Бекетаев дар суҳбат бо хабарнигорон.

Ҳукумати Австралия бори аввал аз Қонуни маҳрумсозӣ аз шаҳрвандӣ барои амалҳои террористӣ истифода бурд. Ҳанӯз дар аввали соли 2017 хадамоти амниятии Австралия тасмим гирифта буд, ки ин қонунро бар зидии зодаи Ливия - Халид Шаруф, ки бо “Давлати исломӣ” робита дорад, истифода барад. Соли 2014 Халид Шаруф расми писарашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда буд, ки дар даст сари буридаи низомии давлатиро дошт. Мувофиқи иттилои ВАО-и Австралия Халид дар Ироқ ё Сурия дар сафи “Давлати исломӣ” меҷангад. Пештар Халид Шаруф бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳоли террористӣ дар Австралия ба чор соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мувофиқи қонуни Австралия шахс аз шаҳрвандӣ дар ҳолате маҳрум мегардад, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дошта бошад.
Агар шахсро аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд, ӯро аз Русия берун мекунанд?

Мувофиқи қонунгузории Русия, шахсони бешаҳрвандӣ низ ҳуқуқ ба истиқомат доранд ва меъёри берун кардани шахсони бешаҳрвандӣ вуҷуд надорад. Аммо агар шахс ҳуҷҷати заруриро барои зиндагӣ дар Русия гирифта натавонад, ӯро метавонанд аз кишвар берун андозанд. Оё шахси муттаҳам ба терроризм метавонад чунин як ҳуҷҷатро ба даст орад?

Баҳманёр НОДИРОВ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)