Бахшҳо

Баҳси кофтукоб ва боздошти муттаҳамон дар экстремизм

Кофтукоб ва боздошти муттаҳамон дар ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстримистидошта аз мавзӯҳои меҳварии ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон буд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти додситонии кул ҷаласа бо ҳузури роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар мақомот дар бинои додситонии кул баргузор гардид: “Дар ҷаласаи Шӯро ҳолати риоя ва иҷрои Қонун “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар қисмати кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстреистӣ, инчунин иштирок дар фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд”.

Баҳси кофтукобу боздошти муттаҳамон дар экстремизм дар ҳолест, ки қаблан намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон аз он изҳори нороҳатӣ кард, ки ҳатто кишварҳои узви СПАД дар террористӣ эълон кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба таъхиркорӣ роҳ медиҳанд. Ӯ гуфт, шомил кардани “ҲНИТ”-у “Гуруҳи 24” ба феҳрасти ягонаи созмонҳои террористию экстремистӣ, мақомоти кишварҳои узвро водор мекунад, ки барои боздошту истирдоди аъзои ҲНИТ-у "Гуруҳи 24" чораандешӣ кунанд.

Шоҳин Талбакзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран зимни як ҳамоиш дар Душанбе гуфт, гарчанде аз ташкилоти экстремистӣ-террористӣ эълон шудани “ҲНИТ” ва “Гуруҳи 24” муддати зиёд сипарӣ шуд, то ҳол ин ташкилотҳо аз ҷониби бархе давлатҳо ҳамчун ҳизбу ҳаракати ба истиллоҳ оппозитсионӣ дониста шуда, дар баъзе давлатҳо ба аъзои он паноҳгоҳи сиёсӣ низ дода мешавад: “Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳаммаслаконаш ҳамроҳ бо аъзои ташкилоти мамнӯи “Гуруҳи 24”, бо бурҷи сурх дар пайгарди Интерпол қарор дода шуданд. Бо вуҷуди ин бо истифода аз баъзе пуштибониҳо дар қаламрави Аврупо ва кишварҳои дигар озодона рафтуомад доранд. Вақтҳои охир бо мақсади паст задани обруйу нуфузи ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва раҳоӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо дастгирии баъзе ташкилоти ба ном ғайридавлатӣ гирдиҳамоиҳо барпо намуда, нисбати ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон эътирозҳои баръало таҳқиромез баён мекунанд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)