Бахшҳо

“Эй модар, падар, мо лахти ҷигар”. Гузориш аз Хонаи кӯдакони №1 (АКС+ВИДЕО)

Доштани соат, ҷузвдони духтаронаи зинҷирадор, лухтак ва либоси “Бен тен” аз асоситарин орзуҳои Нозанин, Самеъ, Сумайя ва аксари тифлакони Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе мебошад.

Хабарнигори “Озодагон” дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон меҳмони ин Хонаи кӯдакон шуд ва бо чанде аз онҳо суҳбат кард. Бештари ин кӯдакон гуфтанд, мехоҳанд дар оянда омӯзгор ва табиб шаванд.

Рукатмо Мигниева, директори Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин муассиса 101 кӯдаки аз 3 то 7 сола тарбият мегиранд: “Тарбиятгирандагони мо пас аз 7-солагӣ ба Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои кӯдакони ятими кулл фиристода мешаванд. Кӯдаконе, ки аз ноҳияҳо ҳастанд, бо роҳхати Вазорати маориф ва илм ба мактаб-интернатҳои ноҳияҳо равона карда мешаванд”.

Хонум Мигниева мегӯяд, дар муассисаи онҳо 9 гуруҳ мавҷуд аст, ки 2 гуруҳи онро атфоли имконияташон маҳдуд ташкил медиҳад.

Ин муассиса аз ҷониби ҳукумат ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо сару либос ва хӯрока таъмин мешавад: “Соҳибкорон низ метавонанд ба муассиса ёрӣ расонанд”.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон намояндаҳои ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ, Донишгоҳи технологӣ, Пойгоҳи 201-и Русия мустаққар дар Тоҷикистон ва афроди алоҳидае меҳмони ин муассиса шуда, барои кӯдакон туҳфаҳо овардаанд.

Дар ин муассиса кӯдакони нимаятим ва ятими кулл қарор доранд. “Рӯзҳои ҷумъа ва шанбе муассисаи мо дарҳои кушод дорад, ки падар ё модари тифлакон ба дидорбиниашон омада, касоне, ки вазъи иҷтимоии хуб доранд, фарзандони худро мебаранд”,-изҳор дошт директори Хонаи кӯдакон.

Ба гуфтаи ӯ, тифлаконе, ки падар ё модар доранд ва баъзан бо сабабе ба дидорбинии онҳо омада наметавонанд, кӯдакон зиёд ғамгин мешаванд: “Аз ман мепурсанд, ки чаро имрӯз модарам наомад, мегӯям, ки шояд бемор аст. Дар ҷавоб кӯдакон мегӯянд, агар онҳо наметавонанд, ки моро баранд, шумо ҳам наметавонед?”

Рукатмо Мигниева афзуд, кӯдакон рӯзона машғули бозиҳо шуда, зиёд фикр намекунанд, аммо шабона зиёд ғамгин мешаванд: “Шабҳо вақте дар болин сари худро мегузоранд, дида мешавад, ки худро танҳо ҳис мекунанд. Ман ҳамеша ба муррабияҳо таъкид мекунам, ки шабона бо кӯдакон аз ҳад зиёд меҳрубон бошед ва нагузоред, ки ғамгин шаванд”.

Мӯҳр
Худованд чаноби олира нигахбон боша ки сагерапарварай соябони сари ятимоай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)