Бахшҳо
01 июн 2017 16:26Тоҷикистон / Сиёсат

Раиси бозори “Деҳқон” аз вазифа барканор шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе Зиёвиддин Наҷмиддинов, раиси бозори “Деҳқон”-и пойтахтро аз мақомаш барканор кардааст.

Худи Зиёвиддин Наҷмиддинов имрӯз, 1 июн ба “Озодагон” гуфт, далели аз вазифа барканор шуданашро намедонад. Ӯ гуфт, фармони барканориаш як рӯз пеш, 31 май имзо шудааст.

Барканории раиси бозори “Деҳқон” дар ҳолест, ки бо омадани моҳи шарифи Рамазон сокинони пойтахт аз гарон шудани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳо шикоят мекунанд. Рӯзи 25 май дар ҳошияи боздиди гуруҳи хабарнигорон аз бозори “Деҳқон”, Зиёвиддин Наҷмиддинов ваъда карда буд, имсол дар моҳи Рамазон иҷозат нахоҳанд дод, ки тоҷирон нархи маҳсулотро тариқи сунъӣ боло баранд. Ба гуфтаи ӯ, барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо дар моҳи Рамазон феълан бо беш аз 200 хоҷагии деҳқонӣ аз Хатлон, Суғд ва навоҳии тобеи марказ дар мавриди таъмини маҳсулот шартнома бастаанд.
Мӯҳр
Офарин ба мухтарам Рустами Эмомали, ки сари вакт чунин ноухдабарохоро аз вазифааш сабукдуш кард. Раис ваъда дод ки дар мохи рамазон намегузорад, ки нарххо баланд шаванд, вале хамаги тавонист як руз нархоро танзим кунад боки хама руз нарххо кимат ва дандоншикан буд дар бозори Дехкон. Ин бояд барои раисони дигар бозорхо дарси калон шавад, ки касоне гами халки бечораву камбагалро намехурад чи интизор аст. Мухтарам Рустами Эмомали хуб мешуд ки дигар бозорхои шахри Душанберо зери назорат мегирифтед

хасан
салом м.Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомали бехтарин корро кардед хуб мешуд раиси универсами караболо ва раиси бозорчаи 33 барканлр мекардед

Аҷоиб албат ин сабукдуш кардани раисон ба фикрам ба манфиати касе нест, нархи бозорро ягон замон ёд надорам, ки раис муқарар карда бошад.
Илтимос аз шарҳнависон ақли солимро кор фамоеду манро хеши раис наеуед,дар бӣсёр мавридҳо мебинам касе аз ҳақиқат сухан кунад хеш (авлод) мегуянд.
Мисол ман маҳсулотамро вориди бозор кунаму нархи дилхоҳамро гузорам бо ин гузориям раисро сабукдуш мекунед?
Чаро касе дар масалаи баланд кардани маошу нафақа норозиги баён намекунад ,модоме бо ин маошҳо нафақаҳо пардохти (коммунални) намерасад ...
Ба хотири баланд будани нарҳо ин рафтор нодуруст аст, ин ягон мағозаи давлати нестку ,воридот кам шудааст қариб ними маҳсулотҳо аз хориҷ ворид мешаванд , беҳтар нест фоизгири тоҷирон танзим шаваду бо корҳояшон сабукиҳо фароҳам созед ?
Қурби доллару евро қариб як маротиба боло рафтааст, дар дигар давлатҳо пештар 500$ ҳоло бо 1000$ расидааст ин тарафҳояшроҳам бо назар гиред. Бовар кунед аз навиштана монда шудаме...
Benom,

Умедворем, ки на танхо дар мохи шарифи Рамазон нарххо дар бозорхои Чумхури поён мераванд балки дар тамоми мохо поён мераванд. Рахмат барои гамхори дар хаки мардум м. Рустами Эмомали

хасан Вохима накун, аз дасти ин Раиси бозор чи меояд, ин талаботи конуни бозор аст. Мардум мехоханд, ки дар мохи Рамазон хуроки сергизо хуранд, табиист ки бо зиед шудани талабот нарххо боло мераванд. Камтарам бошад конунхои иктисодро риоя кардан даркор, бародарон. Ба кавли ниегон Салла гуфтан пас, Калларо бурдан нозим нест

Ман хусусан ба дигар бозорхо кор надорам аммо чун дар махали 33 зиндаги мекунам медонам ки нархи хама гуна масхулот дар бозори 33 як баробар кимат аст. Ин бешубха бе инсофии аз фурушанда сар карда то раиси бозорро нишон медихад ки нисбати халк заррае хамхор нестан .............Раисони бозори имруза танхо барои васеъ кардани бозор ки барои чойхои иловаги ки манбаи даромади шахсиии худашон кор мекунанду ба боло равии нарху наво ахамият намедиханд....ХУСУСАН БОЗОРЧАИ 33 мкр

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)