Бахшҳо

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Расонаҳои Афғонистон аз захмӣ шудани шуморе аз тазоҳургарони Кобул хабар додаанд. Ба гузориши телевизиони “Тулӯъ нюс”, шуморе аз муътаризин пас аз шиллики пулис захмӣ шудаанд. Ин тазоҳуроти густарда имрӯз, 2 июн дар пайи инфиҷори ду рӯз пеш дар Кобул бо номи “Хаста аз марг ба сӯйи Арг. Аз саросари Кобул ба тарафи Арг” роҳандозӣ шудааст.

Дар ин эътирозот чеҳраҳои сиёсӣ, фаъолони ҷомеаи маданӣ ва теъдоди зиёди шаҳрвандони Афғонистон ширкат доранд. Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон вақте мӯътаризон ме‎хостанд худро ба наздикии қасри раёсатҷумҳурӣ бирасонанд, пулис ба хотири пароканда сохтани онҳо ба ҳаво шиллик кардаанд, ки дар натиҷа чанд нафар захмӣ шудааст.

Хабаргузории “Пажвок” теъдоди маҷруҳонро 8 тан гуфтааст. Баъзе аз захмиён гуфтаанд, неруҳои амниятӣ “мустақиман ба онон шиллик кардаанд”.

Мӯътаризон ба сӯйи чаҳорроҳи Занбақ – макони инфиҷори ду рӯз пеш рафта, аз раҳбарони ҳукумати Афғонистон хостаанд, амнияти мардумро таъмин кунад.

Бино ба гузоришҳо теъдоде аз эътирозгарон аз сӯйи пулис боздошт ва телефонҳояшон мусодира шудааст. Гуфта мешавад, эътирозгарон талош доранд ба Арги раёсатҷумҳурӣ наздик шаванд. Онҳо шиорҳое аз қабили “Марг бар ҳукумати Ғанӣ”-ро сар додаанд.

Мӯътаризин хостори барканории мақомҳои амниятӣ шудаанд. Аз ҷумла, онҳо мехоҳанд, мушовири амнияти миллӣ, раиси амнияти миллӣ, вазири умури дохила ва фармондеҳи пулиси Кобул аз мақомҳояшон канор бираванд.

Рӯзи гузашта мӯътиризон хоста буданд, ҳукумат аъзои зиндонии “Толибон” ва шабакаи “Ҳаққонӣ”-ро эъдом кунад. Дар пайи ин, раисҷумҳури Афғонистон ҳукми эъдоми 11 узви ин гуруҳҳоро содир кард, вале ба гузориши “Тулӯъ нюс” дар ин рӯйхат номи Анас Ҳаққонӣ, яке аз саркардаҳои шабакаи “Ҳаққонӣ” набудааст.

Субҳи 31 май дар маҳалли наздик ба Қасри раёсатҷумҳури Афғонистон, дафтари Созмони милали муттаҳид, Академияи улуми Афғонистон ва чандин сафоратхонаҳо, аз ҷумла Тоҷикистон таркиши шадид ба вуқӯъ пайваст. Вазорати тандурустии Афғонистон теъдоди кушташудаҳоро 80 ва шумори захмиёнро беш аз 300 нафар гуфт. Алъон ҳеч гуруҳе масъулияти ин таркишро бар дӯш нагирифтааст.


Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)

Эътирози “Хаста аз марг ба сӯйи Арг”-и Кобул ба хушунат кашонда шуд (АКС)
Мӯҳр
Латиф Пидром Президенти ояндаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Рустам
Дар Афгонистон то масъалаи хати Дюранд ва мавзуи вахдати милли халли худро наебад ин чанги дохили солхои тулони идома хохад ефт.

На президенти Афғонистон, на вазири амнияту дохилияш ва на пулис наметавонад ҳар як мошинро зидди маводи тарканда кофтуков кунад. Дар Кобул сад ҳазор зиёд мошин аст. Инчунин намешавад бадани ҳар як шахсро соп-соп кард, ки мина дорад ё не. Дар Кобул чанд миллион одам аст. Сабаби асосии нооромии тӯлонии афғонистон аз ҳад зиёд ифротӣ будани худи афғонҳо аст. Ҳар яке онҳо медонанд, ки кадом яке бо толибон хунхор ҳамкорӣ дорад, вале боз ҳам хомӯш мегарданд. То мардум масъули амнияти худ нагардад, то хурду калон аз таблиғоти муллоҳо дур нашаванд, ҳеҷ гоҳ дар Афғонистон сулҳ нахоҳад буд. Дар таҳкими амният бояд халқу ҳукумат дӯши ба дӯш фаолият кунанд. То мардум кӯмак накунад, ҳеҷ як ҳукумат коре карда наметавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)