Бахшҳо

Муҳоҷирони аз кор хориҷшуда дар корхонаҳои мусофиркашонӣ ба додгоҳ шикоят мебаранд

Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, баъди ба ҳукми иҷро даромадани тағйирот ба қонун “Дар бораи амнияти ҳаракат дар роҳ” дар Русия шикояти муҳоҷирон зиёд шудааст. Бар асоси ин тағйирот шурӯъ аз якуми июн муҳоҷирон ҳақ надоранд бо шаҳодатномаи ронандагии кишварҳои худ ба мусофиркашӣ машғул шаванд.

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик -- “Этмос” 2 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аллакай садҳо муҳоҷири тоҷик бо далели надоштани шаҳодатномаи ронандагии Русия аз корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии марбут ба мусофиркашонӣ ронда шудаанд. Ӯ мегӯяд, давоми ду рӯз 200 муҳоҷири тоҷик дар мавриди аз кор озод шуданашон ба вай муроҷиат кардаанд: “Ман гуфтам, хуб мешавад агар ба додгоҳ шикоят барем, чун шартномаи бештари ин нафарон бо корхонаҳо то охири сол баста шудааст. Ҳоло онҳо дар фикри шикоят бурдан ба додгоҳ ҳастанд”.

Ба гуфтаи Ёров, бахши аъзами муҳоҷирони аз кор хориҷшуда дар калонтарин корхонаи мусофиркашонӣ -- “Мосгортранс” ба ҳайси ронанда фаъолият мекарданд: “Ин калонтарин корхона дар шаҳри Маскав буда, дорои автобус, троллейбус ва трамвай мебошад. Дар баробари аз кор озод кардани муҳоҷирон боз пулис онҳоро ҷарима карда истодааст”.

Раҳбари созмони “Этмос” афзуд, ҳолатҳоеро сабт кардаанд, ки пулис ҳатто соҳибони мошинии шахсиро ҳам ҷарима кардааст. “Як муҳоҷири тоҷик вақте бо мошини шахсии худаш аз бозор ба хонааш мерафт, ҷарима шудааст. Нафари дигарро вақте ҷарима кардаанд, ки маҳсулоти сохтмонии як дӯсташро мебурдааст. Як муҳоҷири дигарро барои он ҷарима кардаанд, ки ҳангоми қарор доштани мошинаш пушти чанбари он хобаш бурдааст”-илова кард Каримҷон Ёров.

Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия низ мегӯяд, шикоятҳо дар мавриди аз кор озод шудани муҳоҷирон ба онҳо низ зиёд аст Ӯ рӯзи 2 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аксари муҳоҷирони тоҷике, ки ба Намояндагӣ шикоят бурдаанд, ронандаҳои таксӣ ва мусофиркашҳои хурд мебошанд. Аммо вай таъкид намуд, ки “мо ҳанӯз 20 апрел муҳоҷиронро огаҳ карда будем, ки аз 1 июн тағйиру иловаҳо ба қонуни ҳаракат дар роҳи Русия амалӣ мешавад. Ин лоиҳа аз соли 2013 таҳия шуда буд ва дар асоси он шаҳрвандони хориҷӣ, ки шаҳодатномаи ронандагии Русияро надоранд, аз идораи нақлиёти ҷамъиятӣ автобус, троллейбус, трамвай, мусофиркашҳои хурд, таксӣ ва мошинҳои боркаш маҳрум мешаванд”.

Ҷаноби Аҳмадов афзуд, шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд, ба Шӯъбаҳои минтақавии бозрасии давлатии автомобилӣ рафта, як имтиҳони назариявӣ ва ду имтиҳони амалӣ бисупоранд ва шаҳодатномаи ронандагии кишвари худро бо шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз кунданд: “Агар шахс мошини шахсӣ дошта бошаду бор кашида, онро бо мақсади тиҷорат истифода барад, пулис метавонад онҳоро ҷарима кунад. Бояд гуфт, ки ба таври мисол ширкатҳои нақлиётие ҳастанд, ки дар он шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси ронанда фаъолият мекунанд, вале пулис на шаҳрванди хориҷӣ, балки роҳбари ширкатро ҷарима мекунад. Маблағи ҷарима 50 ҳазор рубли русӣ муайян шудааст”.

Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба нақлиёт рӯзи якуми июн эълон кард, беш аз 70 ҳазор ронанда, ки қаблан бо шаҳодатномаи ронандагии хориҷӣ фаъолият доштанд, аз ҳаққи рондани мошинҳои хидматӣ маҳрум гардиданд. Дар ҳамин ҳол, Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Челябинск гуфтааст, дар ҳудуди вилоят 846 шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳодатномаи ронандагии кишварҳои худ ба мусофиркашонӣ машғуланд: “Бештари онҳо шаҳрвандони Қирғизистонанд, боқимонда тоҷикону қазоқҳо”.Дар вилояти Новосибирск бошад, 105 ронанда бо шаҳодатномаҳои хориҷӣ сабт шудааст. Дар вилояти Свердловск ин рақам беш аз 900 будааст ва танҳо 40 дарсади онҳо шаҳодатномаи ронандагии Русияро гирифтаанд: “Аммо дар Қазон аз 554 ронандаи хориҷӣ 90 дарсад соҳиби шаҳодатномаи ронандагии русӣ ҳастанд”,-навиштааст торнамои "Лада онлайн".
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)