Падари духтар ҷавони ошиқро латту кӯб ва телефону пулҳояшро гирифтааст
Як сокини 25-солаи ноҳияи Хуросон аз сӯи падари дӯстдухтараш латту кӯб шудааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ин ҷавон 19 апрели соли 2017 барои дидани дӯстдухтари 22-солааш ба ноҳияи Вахш рафтааст. Падари 46-солаи духтар аз ин мулоқот огоҳ шуда, ҷавони ошиқро дар симчӯби ҳавлиаш бастааст. Манбаъ мегӯяд, дар ин кор ӯро як ҳамдеҳааш, ҷавони 25-сола низ ҳамроҳӣ кардааст. Ин ду нафар ҷавони ошиқро нахуст латту кӯб ва пасон “бо роҳи зӯроварӣ 3 ҳазору 170-сомонӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-5”, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 670-сомониашро тасарруф намудаанд”.
ВКД мегӯяд, гумонбаршудаҳо аз ҷониби кормандони пулис дастгир шуда, нисбати онҳо бар пояи моддаи 248 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванди ҷиноӣ оғоз гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |