Бахшҳо

(АКС) Чаро Тоҷинисо худро оташ зад?

Як зани 31-сола дар ҷануби Тоҷикистон худро оташ задааст. Табибон мегӯянд, 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст.

Тоҷинисо Хушвақтова, модари се фарзанд дар ҳолати вазнин дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ аст. Ин сокини рустои Анористони ҷамоати ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ шаби 4 июн худро оташ задааст. Дар беморхонаи марказии ноҳия ба “Озодагон” гуфтанд, Тоҷинисоро тақрибан соатҳои яки шаб шавҳараш ба беморхона овард. Ба гуфтаи табибон 90 дарсади бадани ӯ сӯхтааст: “Тайи се рӯз аст, ки ӯ таҳти назорати мо қарор дорад. Барои ҳаёти ӯ тамоми талошҳоро анҷом медиҳем”.

Шавҳари Тоҷинисо гуфтааст, ӯ ба сараш бензин рехта ва худро оташ задааст. Диларбо Хушвақтова, хоҳарбузурги Тоҷинисо ба “Озодагон” гуфт, расо як ҳафта пеш аз ин ҳодиса бо вай суҳбати телефонӣ дошт: “Хоҳари ман тифли ширхораи шашмоҳа дорад. Дар хонаи хушдоманаш рӯзи хуш надошт, ҳамеша муноқиша мекарданд”.

Талоши хабарнигори “Озодагон” барои гуфтугӯ бо шавҳари Тоҷинисо бенатиҷа буд.

(АКС) Чаро Тоҷинисо худро оташ зад?


Дар ҳамин ҳол, Ҳафизамоҳ Сафарова, сардори Бахши занони ҳукумати ноҳияи Васеъ мегӯяд, ин ҳодиса мояи нигаронии ҳамаи онҳо шудааст. Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “ба сифати намояндаи тамоми занҳо дар дастгоҳи раиси ноҳия мехоҳам нафароне, ки занонро то ба худкушӣ оварда мерасонанд, муҷозот шаванд. То кай занони ба ҷони худқасдкардаро бемории рӯҳи унвон карда, гунаҳгоронро бе ҷазо мемонем?”

Ба гуфтаи ӯ, давоми чор моҳи ахир дар ноҳияи Восеъ 2 ҳодисаи худкӯшӣ ва 2 амали сӯиқасд ба ҷони худ аз тарафи занон ба қайд гирифта шудааст. Ба омори Бахши занони ҳукумати ноҳияи Васеъ танҳо дар ҷамоати ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 20 зани мавриди хушунати хонаводагӣ қарор доштаро сабт кардаанд. Раҳбари ин бахш мегӯяд, бо чунин занҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳанд, то аз ҳуқуқу озодиҳои хеш огаҳ шаванд.
Мӯҳр
мусофир
корҳои фаҳмондадиҳӣро ....бо хуштоманхои бесавод фахмондан даркор аст...бовар кунед бродархо ....90 фоиз ин худкушихои занхо аз шиканчаи хуштоманон сар мезанад ...Чунки хуштоманхо келин мекунам гуфта ..хайл мекунанд , ки ягон одами оханин ё ки гулом меорам гуфта аз рамкаи одамгари мебароянд

Аз пойтахт
Рости ман ба фикри шумо рози шуда наметавонам ба он хотр ки ман шахсеро медонам ки аз чанчоли занаш аз хонаи падару модар баромада танхо зиндаги доранду хануз чанчол идома дорад .Хусур ганда Хушдоман ганд хонагихои шавхар хама ганда пас бо шавхари худ танхо зиндаги кардан мушкил аст ва гайра

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)