Бахшҳо

Нигаронии Зуҳуров аз монополия ва дуздӣ дар “Барқи тоҷик”

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, раванди феълиро, ки ҳам истеҳсол ва ҳам фурӯши барқ дар ихтиёри як ниҳод қарор дорад, мояи нигаронӣ хонд.

Маҷлиси намояндагон имрӯз, 7-уми июн созишномаи грантӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушдро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он ҷудо намудани 280 ҳазор доллари амрикоӣ барои таҳкими иқтидори Вазорати энергтика ва захираҳои об дар назар аст.

Ба гуфтаи раиси Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла дар назар аст, заминаҳои ҳуқуқӣ барои таҷдиди сохтори “Барқи тоҷик” таҳия ва такмил дода шаванд: “Мо солҳои дароз дар ин бора сӯҳбат дорем, аммо имрӯз маҷбурем, пешниҳодҳо кунем, ки чӣ тавр он сохтор таҷдид шавад, чӣ тавр масрафи нерӯи барқ зери назорат бошад, чӣ хел кунем, ки масрафи зиёдатӣ ё дуздии барқ аз байн равад”.

Раиси парлумон дар инҳисори як идора қарор доштани раванди истеҳсолу интиқолу фурӯши барқро низ мояи нигаронӣ хонд: “Ба ҳама маълум аст, ки вақте як идора, як ташкилот барқро истеҳсол мекунад, барқро мегирад ва худи ӯ боз барқро мефурӯшад, дар ин ҷо камбудиҳо ба вуҷуд омаданаш мумкин аст. Дар ин ҳолат назорат кардан душвор мегардад”.

Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки ҳоло дар бораи нархгузориҳои барқ суҳбатҳо зиёд ҳастанд: “Тарифҳо бояд аз рӯи адолат ва аз рӯи истеҳсол бошад. Мебахшед имрӯз барқро аз “Сангтӯда 1” ё “Сангтӯда 2” бо як нарх мехарем ва бо нархи камтар онро фурухта истодаем, чӣ тавр баъд дармад мешавад, чӣ тавр баъд “Барқи тоҷик” қарздор намешавад”.

Зуҳуров аз Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хост, иҷрои созишномаи тасвибшударо, ки ба таҳқими иқтидори Вазорат равона шудааст, зери назорати ҷиддӣ гирад.
Мӯҳр
Дуздии барқро худи масъулини фуруши барқ ташкил мекунанд. Алҳол ҳисобкунакҳои электронӣ фақат дар ш. Душанбе ва чанд шаҳри дигар ҷорианд. Дар бештари минтақаҳои деҳотӣ ҳануз ҳам ҳ-кунакҳои механикӣ мондааст, ки ба осонӣ мешавад рақамҳои онро тағйир дод. Ин корро соҳибхона фақат бо иштироки корманди барқ мекунад. Дузди аз ҳаминҷо сар мезанад. Дуввум инки, нонбойхонаҳо ҳоло пурра бо барқ кор мекунанд, ки ҳилаву найрангҳояшон зиёд аст, ба ҳар сурат, онҳо ҳам ҳар коре мекунанд, ҳамроҳ бо кормандони соҳаи барқ мекунанд.

14.65 дирам нархи барқ барои аҳолӣ хеле қимат аст. Магар намешад, ки ин нарх барои фасли зимистон таъин гардаду барои фасли гармо барқ арзон шавад. Зеро барқ тобистон бе мушкилӣ истеҳсол мешавад, манзури ман ин аст, ки тобистон об зиёд асту зимистон кам. Аҷобати қазия дар он аст, ки сол ба сол нархи барқ боло равад ҳам, сифати он ҳамоно паст аст. Мо ҳеҷ гоҳ шиддати 220 v ро намебинем. Чаро оқои Ш.Зуҳуров дар ин бора ҳарфе назадааст. Магар ки намедонад, ки алъон тамоми дастгоҳу дигар васоити техникӣ ва электронӣ бо шиддати 220v кор мекунад. Агар шиддат паст бошад, он дастгоҳ вайрон мешад. Агар ман яхчоли (холодилник) хонаро бе стабилизатор истифода мекардам, аз номуназзамии барқ он кайҳо вайрон мешуд. Чаро инро масъулини барқ ва мардони қонундон фикр намекунанд? Вазъият тавре шудааст, ки ҳамаи ниҳодҳо мехоҳанд мардумро ғорат кунанд ва ба ивазаш хизмати ночизе кунанд.

"Мебахшед имрӯз барқро аз “Сангтӯда 1” ё “Сангтӯда 2” бо як нарх мехарем ва бо нархи камтар онро фурухта истодаем, чӣ тавр баъд дармад мешавад, чӣ тавр баъд “Барқи тоҷик” қарздор намешавад”.
Муҳтарам Зуҳуров, тарафи Тоҷикистон дар ин бора бояд қабл аз имзои қарордод бо тарафи Русия ва Эрон фикр мекард. \муште ки пас аз ҷанг ба ёд меояд, ба сари худ зан\, гуфтаанд!

дехоти
Мухтарам раис дар хама шахру дехот хисобкунаки електроники хаст хичкас баркро намедуздад дуздо хамон раисону нозирони барк худашон хастанд авал корда мебиёянд пиёда хастанд алакай баъд сохиби мошину хона мешаванд

бе ном
Рафик Зухуров худатон мохонаи баркро месупоред? ки мушт бар сари дигарон мезанед! ва ё барки точик аз шумо карздор аст

87
Барка медузданд пардохта мардум мекунанд ебу гир.Дар зимистон аз 160в шиддат баланд нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)