Бахшҳо

Тӯраҷонзода: «Мо ҳеч гуноҳе содир накардаем, ки аз мақомот узр пурсем»

«Ба мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки рӯзи 4 декабри соли ҷорӣ дар масҷиди «Муҳаммадия» бо ташаббуси бародарон Тӯраҷонзодаҳо маросими азодории «Ошӯро» баргузор гардид».


Дар ин бора сомонаи globus-news.net ба санаи 16-уми декабри 2011 матлабе омода карда, дар давоми он навиштааст: «Ин маросим пайравони мазҳаби ҳанафияро, ки аксари сокинони кишварро ташкил медиҳанд ва фазои ягонаи динӣ доранд,  нороҳат сохт. Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар нисбати ин амал аксуламали сареи худро нишон дод. Ба хотири пешгирӣ аз ҳама гуна эътирозу сар задани низоъҳо дар ҷомеа баёнияеро нашр намуд, ки дар он рафтори бародарон Тӯраҷонзодаҳо мавриди интиқод қарор гирифт.Чун анъана Акбари Тӯраҷонзода баёнияро «иттиҳомнома» арзёбӣ карда,  маросими таҷлилгардидаро пурра такзиб кард. Рӯзи ҷумъа, 9-уми декабри соли равон, вақте ашхоси расмӣ ба масҷиди «Муҳаммадия» барои гузоридани намози ҷумъа ва шинос намудани ҳозирин бо қарори Шӯро ҳозир шуданд, бо ташаббуси бародарон Тӯраҷонзодаҳо хуш пазируфта нашуданд. Дар баробари сару садоҳои бемаврид, ҳозирини масҷид дар ҳаққи ташрифбурдагон ҳарфҳои носазоро низ раво донистанд».

Ин сомона менависад, эшони Нуриддинҷон ва Акбари Тураҷонзода ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат даъват гардида, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Бародарон бояд бигўянд, ки барои чӣ ба ходимони давлатӣ ҳангоми ташрифашон ба масҷиди «Муҳаммадия» монеа эҷод карданд, нагузоштанд, ки қарзи хизматии худро ба анҷом расонанд, чаро ба таҳқири онҳо ва таҳрики гирдомадагон роҳ доданд? А.Тураҷонзода ба саволҳои додситон ҷавоб дода, изҳори таассуф кард, ки худ ва бародараш эшони Нуриддин муҷиби ихтилоф ва тафриқа дар ҷомеа шудаанд. Тавре А.Тураҷонзода қайд кард, бо интишори анъанаҳои ба мазҳаби суннатӣ бегона, кишварро бо бародаронаш ноором сохтанд. Барои беэҳтиромию гуфтани ҳарфҳои носазо нисбат ба намояндагони ниҳодҳои расмӣ Тўраҷонзода узрхоҳӣ намуд»

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин иттилоъро бепоя хонда ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, банда ва бародарам эшони Нуриддинҷон ҳеч гуноҳе содир накардаем, ки аз мақомот ва ҷомеаъ узр бипурсем: «Воқеан моро ба додситонии шаҳри Ваҳдат барои бозпурсӣ даъват карда буданд. Он ҷо ман бори дигар ҳам гуфтам, ки дар масҷиди «Муҳаммадия» маросими «Ошӯро» сурат нагирифтааст ва он чизе, ки рӯзи 2-юми декабр иттифоқ афтод, маросиме буд бо номи ёдбуди қатли набераи паёмбарамон –Имом Ҳусайн. Ин маросимро хонаводаи мо 50 сол боз баргузор мекунад, ҳатто замони қозигиям дар Тоҷикистон аз ин сана ёд мекардем».

Манбаъ афзуд, алъон мо ҳам дар қиболи мақомот шикоят омода карда, тариқи вакили мудофеамон Бузургмеҳр Ёров ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз болои Сайидмукаррам Абдулқодирзода, райиси Шӯрои уламои маркази исломӣ ва унвонии додситонии шаҳри Ваҳдат ва додситонии кулл аз болои масъулини Кумитаи дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол доштем.

Ёдрас менамоем, ин қазия аз рӯзи 2-юми декабр шурӯъ гардид. Он замон дар масҷиди «Муҳаммадия»-и маҳаллаи Туркободи шаҳри Ваҳдат, ки имомхатибии онро Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, яке аз дигар бародарони эшон ба зимма дорад, аз шаҳодати Имом Ҳусайн- набераи Муҳаммад пайғамбар (с) ёдоварӣ карданд. 6-уми декабр бошад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баёнияе интишор кард, ки дар он аз аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди «Муҳаммадия» ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом интиқоди шадид мешуд. Шӯрои уламо гуфт, як чунин маросими барои аҳли суннат "бегона" барои мусулмонони Тоҷикистон пайомадҳои ногувор дар пай дорад. Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад карда иброз дошт, ки ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)