Бахшҳо

Стратег ба вазир: Корманди ВКД 300 сомонӣ пора хост

Маҳдӣ Собир, таҳлилгари Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон, мегӯяд, корманди Вазорати умури дохилӣ барои додани як маълумотнома аз ӯ 300 сомонӣ пора хостааст.

Маҳдӣ Собир имрӯз, 8-уми июн бо нашри як муроҷиатнома ба Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “дирӯз бояд барои 2 фарзандам маълумотномаи Маркази ахборотии ВКД-ро мегирифтам... Ба ман яке аз кормандони ин ниҳод гуфт, ки ҳоло мо бояд 10 ҳазор нафарро аз тафтиш гузаронем. Баъди 20 рӯз навбати Шумо мерасад. Агар хоҳед, ки коратон дар 1 рӯз ҳал шавад 300 сомонӣ дихед. Пагоҳ омада маълумотномаҳоро гиред”.

Таҳлилгари тоҷик бо изҳори нороҳатӣ аз ин бархӯрд таъкид намудааст, ки чунин муносибот нобоварии мардумро ба милиса дар пай дорад.

Маҳдӣ Собир дар пайи баёни қазия изҳори умед кардааст, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон фаъолияти корманди ин ниҳодро таҳти назорати қатъӣ мегирад.
Мӯҳр
Офарин оқои Собир.

бе ном
Ба Махди Собир ташаккур барои ин мардонаги

09
Нав фахмиден дар хама чой хамин тур якчи ним чи медихи корат буд агар не мегарди.

Дар тамоми шаҳру наҳияҳои Точикистон ҳамин ҳолат мавҷуд аст

Кашфиёти вохимадори Махдии Собир аст ин гуё. Камакак арзотар мегуфтед мардум бовар мекард. Барои як маълумотнома 300 сомон хич кас талаб намекунад ва дигар ин ки касе ин гуна маблаг барои як маълумотнома намедиханд хам.
Дигар, кам ёфт мешаванд вазоратхое, ки мисли милеса хуб кор кунанд. Агар ин кори пурмаъсулро ба худи Махдии Собир месупориданд, мумкин баъд сесад сомони талаб мекард.

Бисёр Дурустт кайд кардед Махдии Собир. Ман худам шохиди ин вокеа шудам барои малумотномаи доги суди 150 сомони додам бадан гирифтам вагар на мегуян рав хамон нохияи худат мурочиат кун онхо барои мо макутуб кунанд бадан дар мудати 3 ё 4 хафта чавобаш ба шумо мерасад

Фаридун
Шак. Шак... ба фикрам аник милиса хасти.

Шак.... аник корманди милиса хаст чи)))))

Ронанда
Чиба пул боша кор халай набоша турбай???))))

Агар ронандагони таксии то Хоруг, Хучанд, шахритуз аз кормандони милиса шикоят мекарданд, хакикат дошт. лекин ин сухани Стратег 100% муболига аст, бовар кунед........Иди рамазон наздик меша, кормандони акаи Рамазон пора не, ид пули талаб кардааст....

Shahrvand
Baroi passport tojiki az hama pas az mablagro suporidan boz 50 somonii digar talab mekunand ki az MVD malumotnoma darkor bad pasportatro megiri!!! VAZIRI MVD KIST????? Ma 25 somoni dodum korum pagoh hal shid !!!!!!!!!!

Айёршоо,
450 сомонӣ ҳоло ҳеҷ аст! Худо душманатро бо онҳо корафтода накунад.

Cаъид
Ин намояндаи Президент бигузор донад, ки мардуми одди чи хол доранд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)