Бахшҳо
09 июн 2017 08:40Тоҷикистон / Тема дня

(ВИДЕО) Донишҷӯёни тоҷикро маҷбур карданд, то зону зада, аз сокинони Норин узр пурсанд

Ҷавонони қирғиз донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи марказии воқеъ дар шаҳри Норини Қирғизистонро маҷбур кардаанд, ба зону зада, узр бихоҳанд.

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аз сӯи Бунёди Оқохон таъсис ёфта ва бар иловаи Норин дар шаҳрҳои Хоруғи Тоҷикистон ва Текелии Қазоқистон ҳам биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ дорад.

Расонаҳои қирғизӣ навореро нашр карда ва гуфтаанд, гуруҳе аз ҷавонони шаҳри Норин 8 июн бо талаби муҷозоти омилони ҳодисаи 27 май дар бинои донишгоҳ таҷамӯъ кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, 27 май дар мусобиқаи баскетбол, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ миёни донишгоҳҳо ва дастаҳои ҷавонони маҳаллӣ доир шуд, байни бозигарону мухлисон занозанӣ шудааст. Муътаризон донишҷӯёни тоҷикро омили ин занозанӣ медонанд. Дар наворҳое, ки расонаҳо нашр кардаанд, дида мешавад, ки Амонбой Кайипов, волии вилояти Норин ва кормандони пулис ҳам онҷо ҳузур дорад. Аммо ҷавонони маҳаллӣ на ба волӣ ва на ба узрхоҳии масъули донишгоҳ аҳамият надода, ба навиштаи расонаҳо, донишҷӯёни тоҷик ва кормандони донишгоҳро маҷбур кардаанд, зону зада, бахшиш пурсанд. Онҳо ин лаҳзаҳоро дар телефонҳояшон сабт карда ва қарсак мезананд. Расонаҳо менависанд, муътаризон танҳо баъди ин бинои донишгоҳро тарк кардаанд.

Нурлан Сарчаев,
сардори Раёсати умури дохилии вилояти Норин ба нашрияи "Турмуш" гуфтааст, пулис ба баррасии ин моҷаро шурӯъ карда ва қарор аст, 10 июн бо ҷавонони маҳаллӣ мулоқот доир шавад.




Мӯҳр
Сафар
Ин кори сохта аст,...

Абдуқаҳор
Астағфуруллоҳ.

Фикр мекунам ин як кории сохта аст сахнае беш нест. Дар ончо полковники милитсия раиси шахр издихоми бузург хама дар сари 4 ё 5 нафар. Аз хукумати точикистон хохиш ин масьала санчида шавад.

Ин кори Америкай номи Точикро паст задан аст

точик
Харки ба зону зад, точик нест. Шояд точикистони бошад, лекин точик нест,

озодагон чоп куне.


Ҷавонони тоҷик номаъқул мекунанд дар донишгоҳи қирғиз?

8
Ин кучиен маданиятро аз кучо донанд?

Devona
Kirgistan, Ilm-Madaniyat-Farhang-dusti. Tamoman mafhumhoi mujkobil. Az mardume,ki 25 sol boz hamdigarro "buzkashi" dorad chi mehohed. Dar Horug ham donishgohi hamson boshad pas donishjujoni mo dar kurgistan chi kor mekunand?

Агар хамин рост бошад бояд Точикистон наеяд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)