Бахшҳо

Донишҷӯёни тоҷики Норин: Танҳо пеши Худо ба зону мезанему сар хам мекунем

Донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ҳозир нашудаанд, ки мувофиқи талаби эътирозгарон дар Норин ба зону зананду узрхоҳӣ кунанд.

Рустам Мирзоширинов, корманди ин муассиса ва яке аз шоҳидони ҳодиса дар шарҳи қазия гуфт, “новобаста ба эҳсосот ва ғазаби 300 кас, донишҷуёни тоҷик мардона изҳор доштанд, ки онҳо танҳо барои Худо ба зону меистанд ва сар хам мекунанд”.

Ба гуфтаи ин шоҳид дар пайи пофишориҳои эътирозгарони эҳсосӣ ва розӣ нашудани ҷавонони тоҷик барои задан ба зону, як муаллими амрикоӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба зону нишасту узрхоҳӣ кард: “Нафаре, ки дар навор ба зону нишаст, муллими амрикоӣ буд, ки аз барои донишҷуён тарсида, ки мабодо байнашон ҷанг нашавад, аз номи тамоми донишҷӯён ба зону нишаст”.

Ба навиштаи Мирзоширинов дар шабакаи Фейсбук, пешвоёни афроди эътирозгар, ки рӯзи гузашта даст ба ин кор заданд, имрӯз ба Донишгоҳи Осиёи Марказӣ омада, узрхоҳӣ кардаанд: “Онҳо низ иштибоҳашонро фаҳмиданд ва феълан созиш ҳосил шуд”.

Ахиран мақомоти милисаи Қирғизистон низ ба таври оммавӣ ба зону шинондани донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар Норинро рад карда, изҳор доштаанд, ки танҳо як устоди донишгоҳ ба зону нишаста буд. Ба гуфтаи манбаъ ба далели камбуди ҷой бархе аз ҳозирин, аз ҷумла ҷавонони қирғиз дузону нишаста буданд, аммо ба истиснои як муаллим дигар касе ба зону зада, узрпурсӣ накардааст.

Бо вуҷуди ин фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мақомоти Тоҷикистон талаб доранд, ки ин иқдоми ҷавонони қирғизро бепосух нагузоранд ва қазияро ҳаматарафа таҳқиқ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 8-уми июн расонаҳои Қирғизистон иттилоъ доданд, ки ҷавонони қирғиз донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи Осиёи марказии воқеъ дар шаҳри Норини Қирғизистонро маҷбур кардаанд, ба зону зада, узр бихоҳанд.

Расонаҳои қирғизӣ навореро нашр карда ва гуфтаанд, гуруҳе аз ҷавонони шаҳри Норин 8 июн бо талаби муҷозоти омилони ҳодисаи 27 май дар бинои донишгоҳ таҷамӯъ кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, 27 май дар мусобиқаи баскетбол, ки дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ миёни донишгоҳҳо ва дастаҳои ҷавонони маҳаллӣ доир шуд, байни бозигарону мухлисон занозанӣ шудааст. Муътаризон донишҷӯёни тоҷикро омили ин занозанӣ медонанд. Дар наворҳое, ки расонаҳо нашр кардаанд, дида мешавад, ки Амонбой Кайипов, волии вилояти Норин ва кормандони пулис ҳам онҷо ҳузур дорад. Аммо ҷавонони маҳаллӣ на ба волӣ ва на ба узрхоҳии масъули донишгоҳ аҳамият надода, ба навиштаи расонаҳо, донишҷӯёни тоҷик ва кормандони донишгоҳро маҷбур кардаанд, зону зада, бахшиш пурсанд. Онҳо ин лаҳзаҳоро дар телефонҳояшон сабт карда ва қарсак мезананд. Расонаҳо менависанд, муътаризон танҳо баъди ин бинои донишгоҳро тарк кардаанд.

Нурлан Сарчаев, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Норин ба нашрияи "Турмуш" гуфтааст, пулис ба баррасии ин моҷаро шурӯъ карда ва қарор аст, 10 июн бо ҷавонони маҳаллӣ мулоқот доир шавад.


Мӯҳр
Одил
Инсон танхо назди Худо зону ва сар мегузорад, дигар пеши хеч махлуке.

Макомоти Точик Бидонед Чхел Давлати Киргиз ПуштиШахрвандонаш хаст.ШМО БОШЕД НАФСАТОНРО ПАРАСТИШ МЕКНЕН.

Саидбилол
Ачиб барои кадом чурме инхо чунин рафтори носазо ро барои донишчухои Точик раво диданд ,,???

Дилсӯз
Ба фикрам чунин муноқишаҳо байни ҷавонон гоҳ-гоҳ рух медиҳанд, ин на танҳо дар Тоҷикистон ва ё Норин , балки дар тамоми ҷаҳон чунин аст. Мақомотҳои дахлдор алаккай онро ҳал намуданд ва аз ин кор ҳангомаи зиёдатӣ кадан он қадар хуб нест.

Вой бар холи точики бе СОХИБ. Акнун киргизу кипчок низ точикро "издеваться" мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)