Мақоми нави Мубин Эргашев
Мубин Эргашев, собиқ сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва яккачини Тоҷикистон, ба вазифаи сармураббии дастаи “Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор таъйин шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Эргашев дар ин мақом Витали Левченкоро иваз намуд, ки чанде пеш ба ҳайати мураббиёни дастаи “Крыльев Советов”-и Самараи Русия гузашта буд.
Ба иттилои манбаъ, ин мураббии 43-солаи тоҷик 9-уми июн нахустин тамринро дар дастаи “Барқчӣ” гузаронд.
Ёдовар мешавем дастаи “Истиқлол” зери роҳбарии Эргашев, ду маротиба унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро (2014 ва 2015) соҳиб гашта, ҳамчунин дастаро ба даври финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 бароварда буд, ки дар он аз тими малайзӣ “Ҷоҳору” бо ҳисоби 0:1 шикаст хурд. Эргашев дорандаи муҷаввизи дараҷаи “Pro” УЕФА, буда қаблан дар дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд фаъолият кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |