Бахшҳо

Ватандорӣ: Таърифи наве дар 20-солагии Ваҳдат

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА, файласуф

Сӯи бесӯӣ равонем, эй дареғ аз сӯи мо,
Кӯи некӯе надорем, эй дареғ аз кӯи мо!
Лоиқ


Ватандӯстӣ қувваи бузург аст, агар воқеан бошад ва аз дурӯғ сохта нашуда бошад. Идеологҳое, ки аз Ватандӯстӣ идеология сохтанианд боястӣ бохабар бошанд, ки ин фазо ва ҳолатест ки дар як раванди созанда шакл мегирад. Тоҷик новобаста ба идеология Ватани худро дӯст медорад. Ва ин ҷо бояд дарк кард, ки Ватан як мафҳуми хушку холӣ нест, балки маънии дар як вақт воқеӣ-моддӣ-маънавӣ-абстрактӣ-равониест, ки болои таркибҳое шакл гирифтааст. Ба фикри ман таркибҳои муҳиме, ки ҳисси Ватанро бар вуҷуди як инсон шакл медиҳанд ин муҳити табии зист, муҳити таърихии фарҳангӣ ва маънавии зист ва инчунин муҳити давлатдорӣ- сиёсии мардум мебошанд, ки дар якҷоягӣ мафҳуми Ватан ва дар хона буданро падид меоваранд. Ин ҳолатест ки Рӯдакӣ дар ҳарфҳое мисли “Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост, Куҷо мири Хуросон аст пирӯзи он ҷост”,“Бӯи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме…” ва дигар гуфтаҳои худ ба таври одӣ ва олӣ баён кардааст. Ин идеология бозӣ нест, балки худ нишони тантанаи ҳаёти як мардуми сарбаланд ва озод аст, ки дар як қаламраве бо номи Хуросон мезистанд. Аслан дар вуҷуди ҳар як Тоҷик рӯҳи Хуросони Бузург ҳанӯз ҳам зинда аст ва худро бе “бӯи ҷӯи Мулиён”, бе Бухорову Самарқанд, бе Балху Ҳирот ва бе ин қаламрави бузурги забону фарҳанги Тоҷикӣ (Форсӣ, Дарӣ) тасаввур кардан наметавонад.

Имрӯз мебояд ки ҳар як Тоҷик дар ин муҳитҳои зикркарда, яъне муҳити табии ягона, муҳити таърихӣ-фарҳангии ягона ва муҳити ягонаи сиёсӣ-давлатдорӣ ҳаққу ҳуқуқи ягонаи зист дошта бошанд. Ин ҳар се муҳит бо якдигар бояст тофтаву бофта бошанд, ки ҳосили он будани давлату миллат аст, ки аз фардҳои огоҳ ва фикркунанда иборат аст. Ин Ватан аст. Имрӯз бозингари асосӣ давлат аст, ки метавонад чунин фазоро ташкил бикунад, то мардуми Тоҷикистон дар хона бошанд ва дар Ватан будани худро ҳис кардан тавонанд. Воқеан, Тоҷик Ватанро дӯст медорад ва дар куҷо ки набошад боз мехоҳад ба Ватан баргардад, зеро аз қадим боз мардуме ҳастанд, ки дар фарқият аз қавму қабилаҳои кӯчии атроф ба фазосозӣ, шаҳрсозӣ ва давлатсозӣ одат кардаанд.

Бубинед ки дар Шӯравии собиқ чанд насл дар якҷоягӣ бо ҷомеа ва давлат дар як раванд шакл гирифта ва сабзида буданд ва новобаста ба ин ки ин диктатураи як шахс ва як ҳизб буд, новобаста ба ин ки болои террор сохта шуда буд ва ҳазорон нафарро бе Ватан сохта буд, тавонистанд “фазои нави Ватандориро” ташкил кардан. Чанд насли Тоҷик ва аз ҷумла онҳое, ки мехоҳанд Ватандӯстӣ идеологияи ин мамлакат бошад, бо шеъри “Ватанам СССР, Гулшанам СССР…” сабзидаву зистаанд. Имрӯз мардуми зиёд ба “зиндагии осоишта ва ороми худ”, ки дар солҳои рукуди Брежневӣ паси пардаи оҳанин давом дошт, як настолҷӣ доранд. Ёди хуше аз он рӯзгор доранд, вале зери сиёсат ва давлатдории ғайр роҳбарони вақт натавонистанд мардумро воқеан дар як Ватан ҷамъ кардан. Яъне натавонистанд воқеияти ягонаи моддӣ-иҷтимоӣ-равониро дар Тоҷикистон ташкил бикунанд. Ин буд ки Ватандорон ба таври ваҳшиёна якдигарро нобуд карданд ва то ҳанӯз дар камини якдигаранд. Бо вуҷуди он чӣ гузашт давраи рукуди брежневиро ёд мекунанд ва аз он ёд мекунанд, ки имрӯз зиндагии хароб доранд ва аз ояндаи худ ноумеданд, ки чӣ мешавад.

Имрӯз сиёсат ва фарҳанги аз сатҳи миллӣ ба сатҳи музофот, маҳал ва авлод кашидашуда аз уҳдаи ин рисолати таърихӣ дигар наметавонанд барояд. Фасод, бесалоҳиятӣ, набудани шоистасолорӣ ва маризиҳои дигар имкони ҳис кардани Ватанро дар вуҷуди зиёд мардум надода истодааст. Ватандорӣ лоф ва ҳисси Ватан доштан ҳисси бебунёд нест, балки шароит ва фазои будани онро сохтан даркор то дар вуҷуди мардум кор кардан тавонад. Дигар ин ки Ватан наметавонад “муҳити зист”-и гурӯҳе бошад ва аксарият ғарибу овора ё Ватансозӣ раванде нест, ки танҳо барои қисмате Ватан сохта шавад ва дигарон аз он бенасиб. Аз ин “муҳити зисти як гурӯҳ” барои ҳама дар ин сарзамин Ватан бояд сохт. Ин фазоро аввал бояд сохт ва баъд дар борааш рубоӣ гуфт. Ҳарфҳои “хору залил бошему дар Ватан бошем”, “гадо бошему дар Ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар Ватани худ бечора ва хору залил аст, дар берун бадтар аз ин аст.

Гузашта аз ин вазифа ва масъулияти давлатмардон аст, ки тавонанд он ҳолати номаълумиро, ки абаршоир Лоиқ “бесӯӣ” ва “бекӯӣ”тасвир намуда, дарк кунанд. Ин ҳолатест ки дар яке аз мақолаҳои Фройд бо унвони “The Uncanny” хуб таҳлил шудааст. Ин мафҳумро дар забони тоҷикӣ бо маънии ҳолати пурасрор (фавқулодда, ғариб), ки ҳолати бад ва пурдаҳшатеро дар пай дорад, ки мардум интизораш нестанд, метавон фаҳмид. Яъне, торикӣ. Ин эҳсоси бозгашти фоҷиаҳоест, ки ин мардум аз сар гузаронидаанд. Ин тарси бозгашти турктозиҳо, террори солҳои сиюм ва душмантарошиҳо ва кушторҳоест, ки мардумро сахт хаста кардаанд. Мутассифона, онҳое ки аз Ватандӯстӣ идеология сохтанианд таркибҳои Ватансозро нашинохтаанд ва аз воқеияти равонии мардум ҳам бехабаранд. Аз содагист ё аз ҷаҳл мардумро бо он гунаҳгор ҳам мекунанд, ки Ватанро партофта гурехтаанд. Ин аз як сӯ дар маҳдудаи маҳаллу музофоти худ мондан ва дигаронро ҳис накардан аст ва аз сӯйи дигар, нашинохтани қадри ҳаёти инсон аст, ки мақсад аз Ватан доштан ин ҳаёти осудаи инсонӣ доштан аст. Чун ҳаёт зери фишори зиндагии сахт аст, чун дар Ватан фишори як гуруҳ болои дигарон аст ва ба будани ҳаёт хатар таҳдид мекунад, табиист, ки мардум Ватанро ҳам фаромӯш мекунанд. Яъне, ҳолатҳое ҳастанд ки ҳисси Ватан доштанро дар вуҷуди инсон мешикананд ва баръакс ҳолатҳое ҳастанд ки ҳисси Ватан дар вуҷуди инсон шакл мегирад. Мисле ки ҳазрати Саъдӣ мегӯяд: “Чунон хушксолӣ шуд андар Димишқ, ки ёрон фаромӯш карданд ишқ”. Инчунин дар мо одат шудааст “Ватани биҳиштосоро” бо Афғонистон ва дигар давлатҳои ҷангзада муқоиса кунем. Хуб мешуд ин Ватанро бо давлатҳои воқеан обод муқоиса мекарданд. Ҳукумронии фасод, клептократия (дуздӣ) ва роҳ надодани мардуми дигар дар давлатдорӣ, муҳоҷирати иҷборӣ ва маризиҳои дигари таърихӣ имкон намедиҳанд, ки ҳазорҳо ҳаёти осуда дошта бошанд. Хуб мешуд, ки идеолог - стратегҳо аз ҳарфҳои умумӣ ва шоирона гузашта, воқеиятро бо далелҳо таҳлил мекарданд ва ба қудрат ҳарфи ростро мегуфтанд то аз ин таркибҳои муҳим мисли табиат, таърих ва давлат воқеан Ватан сохта шавад...
Мӯҳр
Амал
Бале, мисли Мехмоншох дар хоричи кишвар зистану моро "ватандусти"-ро омухтан осон аст.

Бале, магзи масъаларо дарёфтед, чаноб: "рох надодани мардуми дигар дар давлатдори" Ин хеле раванди нигаронкунанда аст, ки миллатро "медарронад" Магар, стротегхои имруза ба дарк ин хатар ва хавфхо аз он кодиранд? Гушт бигандад намакаш барзананд, чора чи бошад, чу бигандад намак? Ташаккур ба Шумо барои ибрози андеша....

Акмал
Бехтарин навишта ва гуфтахои файласуфи донишманд устод Мехмоншо Шарифзода байонгари хайоти имрузаи точики о вораву бекору ноумедшуда аст.

Меҳмоншоҳ агар ватандӯст ҳастӣ биё 1 сол бо мо бош ва бароямон талқини дарси "ватандӯстӣ" кун...Пешакӣ маъзарат мехом биродар, аммо дар шеваи баёни ту ягон заррае меҳру муҳаббат ба Тоҷикистон эҳсос намешавад. Ту ватандӯст нестӣ ва дар ин мавзу ҳақи сухан карданро ҳам надорӣ..

АМАЛ
Акои Барзу рости аз хизматат ба миллат дида, шикоятат зиёд аст. Аккалан мисли падарат хизмат мекардиву .... ана баъд

1
Мисли Мехмоншох шудан осон нест, Мехмоншох ШОХ аст, шохи андешахои бикр ва давлатмардона!

хонанда
идеология- мафкуравӣ
абстракт-мавхум
ностолчи- ҳасрати
терор- несту-нобуд
Чаро дар бораи ватану ватандусти харф меронед, амо нисбати тозагии забон кушиш намекунед????

Беамал
Амал,
Ин бародарон ақл надоранд. Меҳмоншоҳ чандин сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ҷавонмарде аст, ки саропояш ғурур асту илму ҳикмату андешаАмал,

Зиёи гиромӣ,
агар инсон ватандӯст набошад, чунин матни фалсафаро ҳаргиз наменависад ва фикри шикамро мекунад.
Устод Меҳмоншоҳ бисёр олӣ навиштед!

Muhojir
Амал,
Vatandust dar hama joj vatanashro dust medorad, novobasta az joi zistash.

мехмон
Мехмоншох имруз бисёре аз точикони мо ба як шиносномаи руси Ватанро мефурушанд !! Кам шахсон ватандустанд. Ба ватандустии мо коорупсия чи дахл дорад ? Ин суоли сиёсист на механдори! Шумо хама вакт мавзуъро ба сиёсат тоб медихед. Руирост дар бораи дуздию коорупция нависед !
Ба дуздию нохакихо Рудакию Саъди , Бухоро, Димишку Багдод чи дахл доранд? Ё замони Шурвию Брежнев сабаби ин камбудихо хаст?
Шаф шаф накарда шафтолую магзи гапро нпвисед !!!

"Ҳарфҳои “хору залил бошему дар Ватан бошем”, “гадо бошему дар Ватан бошем”, ки ҳамин шабу рӯз садо медиҳанд ҷуз таҳқири мардуми ин сарзамин чизи дигар нестанд. Ҳар ки дар Ватани худ бечора ва хору залил аст, дар берун бадтар аз ин аст".
Саломат бошед, мухтарам Мехмоншох Шарифзода! Офарин!

Барзу,
Амал,
Барои Шумо бехтар он буди, ки Мехмоншох дар Руссия гулом бошад ва суханаке аз лахнаш набарояд.

Сараввал ба хамаи точикистониён чашни 20-солагии Вахдати миллиро табрик мекунам. Вахдати миллат сарчашмаи пойдории миллату давлат махсуб меёбад. Ватандори кори сахл нест, барои сохиб-ВАТАН будан хамаруза мубориза бурдан даркор. Дар хакикат, мардуми точик барои сохибдавлат будан дар ВАТАН-и худ АРЗАНДА аст. Чунки дар тули таърихи башарият накши созанда гузоштаанд. СУЛХ, ВАХДАТ барои точикон човидон бошад, душманонат сузанду миранд....

офарин!!! Бехтарин макола, бехтарин суханхо, офарин!!
мехостам фахмам Мехмоншо чи унвон дошта бошад??

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)