Бахшҳо

5 пешниҳоди стратеги назди Президент: Харҷи болои миз назорат шавад

Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқотии стратегии назди Президенти Тоҷикистон, хостааст, назорати давлатӣ дар масъалаи танзими ҷашну маросимҳо кам ва саҳми ҷомеаи шаҳрвандӣ бештар карда шавад.

Сафаров, ки инчунин раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон мебошад, бо нашри як матлаб дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”дар робита ба Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 5 пешниҳод ироа кардааст.

Ба навиштаи Сафаров коҳиши назорати давлатӣ ва афзоиши назорати ҷамъиятӣ боиси коҳиш додани шиддати коррупсия ва зиёдшавии боварӣ ба давлат мешавад: “Ин қонун давоми даҳ соли амали худ тавонист, даҳҳо мушкили мардумро осон намояд, ба онҳо неруи созандагӣ бахшад. Дар ин муддат бисёр оилаҳо аз ҳисоби камхарҷ гузарондани ҷашну маросимҳо як қисми маблағҳои захиракардаашонро барои соҳибкорӣ, хонондани фарзандон дар мактабҳои сатҳи баландтар, ба хориҷи кишвар фиристодани онҳо, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагиашон сарф карданд”.

Дар мавриди мушкилоти амлаишавии қонуни мазкур ноиби раиси МТС изҳор доштааст, ки ҳанӯз ҳам калонсолон аз одатҳои куҳнашудаи худ даст кашида наметавонанду занон аз анъанаҳои дар асоси онҳо тарбияёфтаи худ: “Ҷавонон бошанд, манфиатдоранд, ки барои онҳо ҳар чи бештар чизу чора харида шавад ва маҳз аз ҳамин давраи бисёр мувофиқ истифода намуда, баъзе аз хостаҳои ғайривоқеии худро аз ҳисоби падару модарон ва хешу ақрабо бароварда месозанд. Бинобар ин, ҳар қадар кӯшиш намоем, ки аз ин мушкилиҳо халос шавем, онҳо бештар мешаванд, ки камтар не”.

Сайфулло Сафаров бо таваҷҷӯҳ ба мушкилиҳои ҷойдошта пешниҳод кардааст, ки пеш аз ҳама, ба тарбияи ҷавонон дар самти донистан, дарк кардан ва риояи қонун таваҷҷуҳи хос зоҳир намудан зарур аст. “Филмҳои кӯтоҳи тарғиботӣ, силсилафилмҳои бадеӣ, филмҳои мустанад, мултфилмҳо оид ба хусусиятҳои амали қонуни танзим метавонанд дар шуури ҷавонон ислоҳоти зарурӣ ворид созанд. Ин имкон медиҳад, ки насли нав аз камбудиҳои насли пешин озод тарбия ёбад, ҳушёртар гардад ва аз анъанаҳои куҳнашуда ва зараровар даст кашад. Яъне, мо бояд заминаҳои иҷтимоии миллати солимро аз ҳозир гузорем”.

Номбурда дар пешниҳоди дигари худ гуфтааст, байни маъракаҳои мотам ва хурсандӣ садд - сарҳади муайян ё фарқи аниқу дақиқ гузорем ва шумораи иштирокчиёни базмро маҳдудтар созем: “Хароҷоти болои миз низ ҳадди муайян дошта бошад”.

Раиси Ассосиатсияи сиёсатшиносон афзудааст, ки самти фаъолияти сохторҳои танзимро на ба назорати маъракаҳои мардум, балки ба коркарди сиёсат ва таҳлили равандҳои танзим, назорат аз болои кори комиссияҳои ҷамъиятӣ равона бояд намоем. Ӯ пешниҳод намудааст, ки низоми иҷозатдиҳиро ба низоми сабт кардан ва ба ҳисоб гирифтани маъракаҳо табдил бояд дод ва дар ҳолати саркашӣ аз ин кор ҷаримаҳои вазнинро ҷорӣ бояд кард.

Ноиби раиси МТС таъкид намудааст, ки ҳадаф аз ин, мардум ба сабти ҳолатҳо ва зери назорати ҷомеа будани раванди танзим одат намояд.
Мӯҳр
1
Масъалаи стратегии раками 1

бе ном
Ман пешниход дорам, ки дар болои мизи маъракахо бояд нон, чой, мева, харбузу тарбуз ва баъдан ош бошад на ягон чизи дигар. барои хонадор кардани духтар харидории чизхои нолозимиро аз кабили рахти хоб (спальный гарнитур), 10-пар сару либоси занона, 20 намуд либосвории кимат, тилловори, сару либос барои хешовандони домод в.г аз байн бурдан лозим аст, ки хамаи ин чизхо тарики пинхони сурат мегирад.
инчунин соати баргузории маъракахо на аз соати 8-00 дар фасли тобистон балки аз соати 6-00 то 9-00 огоз гардад.

Асалому алейкум , оғои Сайфулло Сафаров шумо албат бояд бо хотири он вазифаи ва мақоматон ,пешниҳодҳои зиёдеро ироа кунед. Банда шуморо хуб мефаҳмам ...
Ягона сарчашмаи ин (исрофкориву,бетартибиҳо) вобаста аз муҳит аст. Чаро ҳамаи мо инро нодида мегирем ,то он замоне худи он сатҳи баландпоя (раисон,мақомот фарзандони онҳо) худро нисбати танзим худро ислоҳ накунанд ҷомеъаро ислоҳ кардан ғайри имкон аст.
Як чизро дониста монед,аз он рузе (танзиму корупсия) бо кор шуруъ карданд хароҷоти мардум ҳазорон маротиба афзоиш ёфт .
Агар маъракае (туй ё худои) дошта боши рафта иҷозат гири иҷозат нархнома дорад аз (200 сомон то 500 сомон) дар ҳамин шароит магар ҳамон иҷозат зарурате дорад...
Ин ягона хароҷоте нест !
Боз раисон як хонаеро дар ихтиёр доранд бо ташкилиҳои ҷудогона хато раисони ноҳияви бояд ҳузур кунанд дар бисёр маъракаҳо ҳамаи мо инро медонем (вақте зиёфат додам боз илтимос карданд мо аз роҳи дур омадем ақалан пули 10 литр бензинроҳам диҳед ) магар ман бо онҳо зарурат дорам.
Бас кунед ҳамин мардуми бе инҳам бо як азобе рузи худу фарзандони худро мегузаронанд боз ба болои ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда фишори навбатии ин ба ном танзиму корупсия намерасид илтимос агар хоҳед пешравию оромиро гиред ин мақомотро тамоман ...
Вақти он нарасидааст,ки андаке раҳму инсофро пеша кунему ин ташкилотҳоро бандем то нафаси озоде гирем ,гап бисёру гуши шунаво нест!
Озодагон ,банда қақиқати корро баён кардам ,мутмаинам бирасонед.

боло танҳо ба мардум ёд медиҳан:чигуна бояд моҳиро хурд!! хаста шудем тақсирҳо,ба мо моҳидориро ёд бидиҳед!!шароит созед,корхона созед...!!

Подавони номи
Енды худуш сапсем напахмид и марак чи мехахад? Акидаи аник хаст худушда?

Талабхон
Айб хам дар конун асту хам дар муслмонии мо! Хар дуи хамин набошад харочот тамоман кам мешавад.-мухтарам стртеги №1!?

шахрванд
О ман дар хайратам, наход ягон кас ба назди шумо омада мачбур мекунад, ки албатта харочотхои бемантик ва исрофкорона кунед? Накунед хамин корхои бемаъниро. Агар дар хона мотам бошад чи лозим дар сари дастархон банану ананас? Ба фикри ман ягон ташкилии хурду хурока лозим нест. Магар ба хонаводаи махрум вакт хаст ки ба мардум ташкили кунад? Нафаре ки ба чаноза меояд наход умеди ишкамсеркуни бошад? Бар ягон мамлакати мусалмони ин тавр (чдар Точикистон) маросими чанозаву худоиро намегузаронанд. Одамон бояд барои дастгири оянд, на балки барои ишкасери.

шахри
Дар хакакат рост гуфти ман фикр мекунам умуман худохоро аз байн бурд. Бигзор ба айёдати пирон раванд дуо кунанд ва мотамдоронро дасгири кунанд. Барои чаридани худашон нею рафта дар нази дари мотамдор дуо кунанду раванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)