Бахшҳо

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, масъулини бонк ба ваъдаи худ барои бештар кардани пардохти моҳонаи амонатҳояшон вафо накарда ва онҳоро фиреб додаанд.

Ҳамарӯза назди бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” дар шаҳри Душанбе одамони зиёдеро дидан мумкин аст, ки барои гирифтани амонатҳои худ меоянд. Як муштарии ин бонк мегӯяд, баъди он ки вазъи иқтисодии бонк табоҳ шуд ва ҳукумат барои наҷоти он пул ҷудо кард, масъулини “Тоҷиксодиротбонк” ваъда карданд, ду моҳи аввал дар ҳаҷми 200 долларӣ ва аз моҳи сеюм 500 долларӣ амонатҳои муштариҳоро бармегардонанд. Ин муштарӣ, ки худро Гуландом муаррифӣ кард, 20 июн дар назди дафтари асосии “Тоҷиксодиротбонк” ба “Озодагон” гуфт, бо гузашти шаш моҳ ҳанӯз ба онҳо 200 долларӣ медиҳанд: “Гирифтани ҳамин 200 доллар низ ҳоло мушкил шудааст, омада номнавис мекунӣ, мунтазир мешавӣ, то замоне ки навбатат ояд. Моро барои гирифтани пули худамон ин қадар саргардон мекунанд”.

Бахтиёр аз он шикоят кард, ки ҳарчанд амонатҳои худро бо доллар гузоштаанд, аммо бонк ҳар моҳ 200 доллари ваъдагиро бо сомонӣ ва қурби паст пешниҳод мекунад: “Маҷбур мекунанд, дар аризае, ки навишта шудааст, розӣ ҳастам маблағро бо сомонӣ гирам, имзо гузорем. Агар имзо накунем, пулро намедиҳанд. Аз тарси он ки аз ҳамин пул ҳам намонем, зери он ариза имзо мегузорем”.

Муштарии дигар, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, беш аз 50 ҳазор доллар дар “Тоҷиксодиротбонк” депозит дорад ва бо ин шеваи пардохт, намедонад бонк тамоми маблағи ӯро кай бармегардонад: “Президенти кишвар дар паёмашон ба ин масъала таъкид карда буданд, аммо то ҳанӯз ин масъаларо бонкҳо кашол медиҳанд. Фоизи моро тули шаш моҳ аст, намедиҳанд. Пули кам бошад, мегӯӣ кам аст, намедонем ба куҷо муроҷиат кунем”.

Сафар Раҳмонқулов пушти дари “”Тоҷиксодиротбонк” барои амонатҳои гузоштаи фарзандаш омадааст. Вай 20 июн дар ҳоле ки барои вуруд ба бинои асосӣ навбат мепоид дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, барои писараш хона бунёд мекунад ва ба пул хеле зиёд ниёз доранд, вале наметавонад маблағҳои худро бигирад: “Иморати мо нимкора монд, пул нест, ки онро идома диҳем. Намедонам, ин ҳол то кай идома мекунад”.

Ҷаноби Раҳмонқулов ҳам афзуд, “бо ин 200 долларӣ намедонам чанд сол идома мекунад пулгирии мо. Ҳаминро ҳам бо як интизориву саргардониҳои зиёд мегирем. Ягон баракат надорад”.

Муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, ҳарчанд муҳлати шартномаи амонатҳояшон кайҳо гузашта аст, вале бонк намехоҳад, пулҳояшонро пурра баргардонад. Ҳарчанд ҳукумати ҷумҳурӣ ба ин бонк пул дод, аммо ба муштариён ҳамагӣ 200 доллар ва он ҳам бо сомонӣ дар як моҳ медиҳанд. “Гап-гап аст, ки баъди гузаштани пул хешу таборҳои худашон амонатҳои гузоштаи худашонро пурра гирифтаанд, аммо камбағалҳо маҷбуранд ҳар моҳ бо саргардонии зиёд барои дусад доллар саргардон шаванд”-гуфт як муштарии дигар.

Ӯ изҳор дошт, “тасаввур кунед, агар шумо аз бонк, масалан “Тоҷиксодиротбонк” қарз бигиред ва дар муҳлати муайяншуда онро баргардонда натавонед, бонк бетаъхир хона ё иншооти дигари дар “залог” мондаро кашида мегирад. Аммо муҳлати шартномаи мо тамом шудааст, вале онҳо ҳеч масъулияте надоранд”.

Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, бонк ҳоло бо ташкилотҳои қарзии хориҷӣ ва сармоягузорон гуфтушунид дорад ва дар сурати мусбат ҳал шудани он имкон дорад, ки ба муштариён моҳона бештар аз 200 долларӣ пардохт шавад.

Гузашта аз ин муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, кормандони бонк ба онҳо на ҳамчун мизоҷ, балки ҳамчун корафтода муносибат мекунанд. “Аз нигаҳбони пеши дар сар карда, то кормандони шӯъбаи депозит муносибати хуб намекунанд. Ҳатто ба зангҳои телефонӣ ба шумораҳои (44) 6004059, 600 4024 ва 6004017 тақрибан ҷавоб намедиҳанд. Агар рафту ҷавоб доданд, хеле бо тундӣ сухан мекунанд. Масалан, 19 июн билохира як нафар шумораи 6004059-ро бардошт. Пурсидам, ки барои чӣ ба зангҳо ҷавоб намедиҳед? Гуфт, ки “ина ҷавоб додум”. Гуфтам, барои чь вазифаатонро иҷро намекунед, бо лаҳни дурушт мегӯяд, “вазифамон ҳаминай ки клиента обслуживать кунем”. Баъди обед занг занед. Мо ҳам клиент ҳастем-ку? Баъдан бори ававл мешунавам, ки бояд ба рацамщои бонк танщо баъди нисфирӯз занг бизанӣ?”.

Ин дар ҳоле, ки ба иддаои Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” ҳар муштарии бонк рӯзи пулгирияшро медонад ва ҳамон рӯзи муқарраршуда ба бонк меояд. Ӯ 20 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дар як рӯз бонк 120-130 нафарро қабул мекунад”. Ӯ дар мавриди даъвои муштариён оид ба дағалии нигаҳбонҳо изҳор дошт, масъули нигаҳбонии бонк бар души Хадамоти давлатии нигаҳбонӣ мебошад ва “онҳо бачаҳои хубанд. Оқои Шералиев афзуд, “ин ҷо фақат як мушкил аст. Қаблан, ҳама якбора ба шӯбаи депозит медаромаданд, ҳоло дар ошёнаи поён мизу курсӣ мондаанд ва 10 нафару 20 нафар даъват мекунанд. Баъзе одамон ҳаминро бардошт намекунанду якбора даромадан мехоҳанд”.

Бархе муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” изҳор доштанд, эътимодашон ба бонкҳои кишвар коста шуд ва дигар бо ҳеч ваъдае намехоҳанд дубора ба бонкҳо, ба вижа “Тоҷиксодиротбонк” пул гузоранд. “Дар хона нигоҳ доштани пул ҳазор маротиба беҳтар аст”,- мегӯяд, Сафар Раҳамонқулов.
Чанде пештар Азизи Нақибзод, журналисти тоҷик ҳам дар Фейсбуки худ навишта буд, “дар Тоҷикистон пулро зери болишт гузоштан беҳтар аз он аст, ки дар бонк депозит бимонӣ. Ҳоло хоҳед гуфт, ки ин чӣ ҳарфи бемантиқ аст? Асри 21 ва пул зери болишт? Бовар кунед, зери болишт авлотар! Шарҳ медиҳам: Онҳое, ки дар бонкҳои Агроинвестбонк ва Тоҷиксодиротбонк депозит гузошта буданд қариб як сол пулҳои худро бозпас гирифта натавонистанд. Акнун ду моҳ аст, ки ин бонкҳо депозитҳои муштариёнашонро қисм- қисм 100 доллариву 200 долларӣ ҳар моҳе бозпас медиҳанд. Масалан, агар дар Тоҷиксодиротбонк се сол пеш 5000 доллар депозит монда бошӣ, ҳоло моҳе 200 долларӣ бозпас мегирӣ. Аммо ин бонк ба ҷои 100 доллар 800 сомонӣ медиҳад ва муштарӣ ногузир сад сомонии дигар аз киссааш илова намуда 100 доллар мехарад. Бонк дар баробари он ки пули муштариро ба қавли мардумӣ қисм –қисм бебаракат карда медиҳад, 100 сомонӣ аз ҳар 100 доллар ба муштарӣ зиён меорад. Ҳоло дарк кардед, ки дар кишвари мо болишт аз бонк амонатдортар аст?”

Тибқи баъзе хабарҳо дар сурати идома ёфтани вазъ муштариёни “Тоҷиксодиротбонк” “Эътилофи мизоҷони “Тоҷиксодиротбонк”-ро таъсис доданиянд.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки кишвар аст, ки охирҳои соли сипаришуда ба мушкили молӣ рӯбарӯ шуданд. Вазири молияи Тоҷикистон далели ба буҳрон дучор шудани бонкҳоро ба фаъолиятӣ ғайрибонкӣ машғул шудани онҳо рабт дода буд. Абдусалом Қурбониён 29 июли солли 2016 дар як нишасти хабарӣ дар посух ба суол дар бораи вазъи “Тоҷиксодиротбонк”, таҳти роҳбарии Тоҷиддин Пирзода ва “Агроинвестбонк”, таҳти роҳбарии Муродалӣ Алимардон гуфт, раёсати ин бонкҳо имкон доштанд ва метавонистанд худро аз буҳрон наҷот диҳанд. Вазири молия дар бораи бонкҳои Пирзодаю Алимардон бо таассуф изҳор дошта буд, “мутаасифона ҳамаашон ба фаъолиятҳои ғайрибонкӣ, аз ҷумла сохтмони манзил, заводу фабрика даст заданд”. Вазири молия изҳори боварӣ намуд, ки агар бонкдорҳои кишвар танҳо ба фаъолияти бонкӣ машғул мешуданд, ба вазъи феълии буҳронӣ дучор намегардиданд.

18 майи соли 2016 Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бонк маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд, ки раҳбарии онро Мирҳаёт Ёқубов бар душ дошт. Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ 7 моҳ идома дошт ва 13 декабри соли 2016 Тоҷиддин Пирзода дубора идораи бонкро ба даст гирифт. Баъди бозгашти Пирзода, ҳукумат аввали соли ҷорӣ барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти молии 4 бонки тиҷоратӣ 3 миллиард сомонӣ ё 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда буд, ки аз ин 2 миллиарду 250 милион сомониаш ба “Тоҷиксодиротбонк” дода шуд.

“Тоҷиксодиротбонк”, дуюмин бонки калонтарини Тоҷикистон буд, ки дороиҳояш 483 миллион доллар баҳогузорӣ шудаанд. Моликони саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк” 5 ширкат-“Евразия”-58,89%, “Мелодиён”-11,65%, “Эҳсон”-10,99%, “Медиа Плюс”-7,38% ва “Восток”-1,11% мебошад, ки аз инҳо ширкати “Евразия” ба Пирзода марбут дониста мешавад.


Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)
Мӯҳр
Парвиз
Оқибати фоизгирию фоизтеҳ ҳамин аст.

алан
мегиред...саросема нашавед....соли 2030...вакташба фикр кардан даркор буд...

Shoh
Точиксодиротбонк - бонки нохуби Чумхури кормандони он хам бисёр одамони дагал хастанд

бепул
Shoh,
Холо 70 % и мардум дагал шудаги Зиндаги мачбур кадаги. Бонк зур буд ва зур бо зур мешад. Тез нашав , бадгуи не нек дуо кун

Клиент
Мардуми шарифи Точикистон аввало иди Рамазон ба хамаи мардуми Точикистон муборак шавад. Дуюм ин ки Рохбарони Точиксодиротбонк хамаашон пул кор кардестан парвои мизочоне, ки депозит мондаанд надоранд факат мизочоне пул гирифта метавонанд, ки 30, 40 ё 50 фоизи депозиташонро ба Раиси Точиксодиротбонк ё ба Раиси Дастгохи Точиксодиротбонк медиханд депазиташро мегирад.

Доро
Клиент,
Э инсон дар мохи шарифи Рамазон тухмат айб.Аз газаби АЛЛОХ наметарси ки шурандози мени.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)