Бахшҳо
21 июн 2017 15:27Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Бонки ҷаҳонӣ: 81% аҳолии фақири Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебарад

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ аз соли 2003 то соли 2015 сатҳи фақр дар Тоҷикистон аз 73% то 31% поин омадааст. Ин ниҳоди молӣ дар гузориши тозаи худ мегӯяд, фақр кам, аммо сатҳи он ҳамоно баланд ва ноустувор боқӣ мондааст.

Дар ин гузориш, ки дар доираи стратегияи нави ҳамкориҳо бо Тоҷикистон таҳия шудааст, гуфта мешавад, Бонки ҷаҳонӣ хати фақрро 3 доллару 10 сент барои як рӯзи хароҷоти як нафар муқаррар кардааст. Ба ин тартиб, хароҷоти онҳое, ки камтар аз ин нишондодро дар бар мегирад, фақир ба ҳисоб мераванд ва онҳое, ки дар рӯз камтар аз 1 доллару 10 сент харҷ доранд, зери хати фақр унвон мешаванд.

Бино бар иттилои Бонки ҷаҳонӣ, 13 дарсади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ доранд ва аз соли 2009 ба ин тараф нишондоди мазкур тақрибан тағйир наёфтааст. Дар ҳамин ҳол, 81% аҳолии фақир дар деҳот ба сар мебарад.

Оҷонсии омори Тоҷикистон мегӯяд, шумори нодорон сол аз сол кам мешавад. "Сатҳи фақирон ҳамасола 1% кам мешавад. Барои мисол, соли гузашта сатҳи нодорон 0,7 фоиз кам шуда, ҳоло 31,3 фоизро ташкил медиҳад", - гуфт Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори иҷтимоӣ ва демографии Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Бино бар баҳогузории Бонки ҷаҳонӣ, то соли 2014 даромади асосии аксари хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби маблағи муҳоҷирон буд. Аммо бо фаро расидани буҳрон дар Русия, даромади бисёре аз хонаводаҳои тоҷик кам шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)