Бахшҳо

Баъди Рамазон нархҳо арзон мешаванд?

Ҳамасола дар моҳи Рамазон нархи навои ниёзи аввали мардум гарон мешавад ва инро бештари масъулини соҳа ба инсофу имони савдогарҳо вобаста медонанд. Аммо “Озодагон” пурсид, ФИКР МЕКУНЕД ГАРОНИИ НАРХИ НАВО ХОСИ МОҲИ РАМАЗОН АСТ Ё БАЪД ҲАМ ДАВОМ МЕКУНАД?

Азиз Нақибзод, таҳлилгар

Гароншавии нархи ҳар кадом маҳсуот аз ҳам фарқ дорад. Масалан картошка дар ҳеч рамазони қаблӣ гарон нашуда буд ва гаронии имрӯзааш ҳам ба Рамазон рабте надорад. Картошкаро деҳқон кам киштааст, маҳсулот кам ва талабот зиёд. Масалан помидор дар аввали моҳи Рамазон чун оғози мавсимаш ва миқдори андакаш пухтаву расида буд нархаш хеле боло шуд, аммо ҳоло ба эътидол омад. Дар мавриди нархи шакар шояд гароншавиаш на ба Рамазон, балки ба мавсими мураббопазии мардум вобаста бошад. Хулас, баланду поин шудани нархҳо бештар аз талабот ва пешниҳод вобаста мебошад. Агар пешниҳод аз талабот зиёд ё мувофиқи он бошад ҳеч кас наметавонад нархро бардорад.

Зайниддин ОРИФӢ, рӯзноманигор

Манзур агар бозорҳои пойтахт бошад, хоси Рамазон аст. Чунки истеъмол ва маъракаи ифторгузаронӣ дар Рамазон бештар мегардад ва бозори озуқаворӣ авҷ мегирад. Вале агар дар ин моҳ моли бозор афзоиш ёбад, нарх тағйир намеёбад. Пас аз Рамазон шояд нархҳо поён раванд. Коҳиши маҳсулоти кишоварзӣ чизи нав нест, ин ҷараён аз солҳои пешин идома дорад ва албатта ин ҳам як сабаб буда метавонад.

Бобак СУҒДӢ, шоири ҷавон

Фикр мекунам, савдогарҳо бо баҳонаи моҳи Рамазон нархҳоро ба осмони ҳафтум мебароранд. Ва Худо медонад баъди Рамазон ҳам то дер вақт нархҳо поин биёянд. Бояд аввал худи савдогарҳо аз инсоф кор бигаранд. Баъд ки нашуд, ҳукумат дастбакор шавад, то нархҳо як андоза мӯътадил шаванд.

Аъло УМАРЗОД, омӯзгор аз ноҳияи Ёвон

Гаронии нарху болоравии он фикр мекунам дар бозорҳою мағозаҳои мо ба ҳукми анъана даромадааст, ки на мардум ва на давлат тавони пешгирии онро надоранд. Хосатан дар моҳи шарифи Рамазон савдогарони мо ба ҷойи пешаи амалҳои савоб даст ба корҳое мезананд, ки мухолифи шариати исломӣ мебошанд. Аз рӯи шунидам дар бисёр мамолики исломӣ тоҷирон дар ин моҳи Шариф колои худро аз нархи муқаррарӣ поинтар мефурӯшанд, то ки аз ин аъмолашон савобе бигиранду Худованд каме ҳам бошад гуноҳҳояшонро бибахшад. Муттаасифона савдогарони мо ба ҷойи ин амали хайр дину эмонашонро фурӯхта, худро мустаҳақи гуноҳ мегардонанд. Болоравии нархҳо дар бозорҳою мағозаҳои мо фикр мекунам бемайлон меафзояд, зеро ин алаккай ба ҳукми анъана даромадааст, чароки "тарки одат муҳол аст!"

Шервони УМРИДДИН, аспирант

Моҳи мубораки Рамазон, ки барои мусалмонони ҷаҳон моҳи муқаддас ба шумор меравад, чанд сол аст, ки ба фасли гармо рост меояд ва мардум бештар ба мева ва сабзавоту дигар масҳулот ниёз доранд. Фикр мекунам, ки гаронии нархи наво дар бозорҳои шаҳри Душанбе танҳо хоси моҳи шарифи Рамазон нест ва идома хоҳад ёфт! Худ қазовват кунед, ки 1 кг картошка ва 1 кг помидор дар моҳи шарифи Рамозон ба 8 сомонӣ барорбар шуд. Бозорҳои Душанбешаҳр ҳеч вақт нархи навояш ислоҳ намешавад! Зеро савдогарони бозорҳои Душанбе мегӯянд, ки “деҳқонон картошкаро гарон ба мо мефурӯшанд ва мо ҳам гарон мефурӯшем”.
Бозорҳои Душанбешаҳрро ба тавлидкунанда додан даркор аст. Зеро деҳқон ҳеч вақт гаронфурӯш набуд ва нахоҳад монд. Қиматфурӯш ҳамон одамони ҷаллоби беинсофи Худонотарсанд. Аксаран, онҳо раисони бозорҳо ва кормандони онҳостанд, ки камазҳои маҳсулотро ба тариқи яклухт харида, баъдан бо нархҳои гарону дилхоҳ мефурӯшанд.
Бозор ҷойи доимии кор, ба истилоҳи мардум, “пирхона” яъне ҷойи муқаддас аст, зеро савдогар аз он ризқу рӯзии фарзандонашро пайдо мекунад ва бояд камтар инсофу виҷдон дошта бошад.

Меҳёр СУЛАЙМОНОВ, сокини ВМКБ

Ба фикри ман сабаби асосии гарон шудани нархи маҳсулоти кишварзӣ пеш аз ҳама кам истеҳсол шудани маҳсулот мебошад. Барои ҳамин аз ин фурсати мусоид, яъне серхаридор шудани маҳсулот дар моҳи рамазон саводагорон ҳам суъистифода мекунанд. Барои ин ман фикр мекунам, ки бояд соҳаи кишварзӣ бознигарӣ шавад. Мо як кишвари аграрӣ ҳастем ва агар наметавонем бо маҳсулоти кишварзии арзон худро таъмин кунем, пас бо маҳсулоти ворида имкони танзими нархҳо вуҷуд надорад. Аз ҳамин сабаб бояд, ки соҳаи кишоварзӣ таҷдид шавад ва таҷдиде, ки шуд чандон мантиқӣ роҳандозӣ нашуд.
Мӯҳр
салмон
наход шоиру вокеанигори аз иктисод бу надошта дар бораи иктисоду нарххо гап занад?? магзи гапро бародари бадахшони гуфтааст.

О ин Шервон дар инҷо ҳам ҳаст ку!? Як ҳафта пеш дар Радиои Озодӣ буд боз навбати пиар реклама дар хабаргузории Озодагон сар шуд кӣ?

Дар ҳақиқатан бозорҳои шаҳри Душанбе арзон нест! Баъди ид арзон ҳам намешавад! Чи хелеки Шервон дар фейсбук навиштаст, ки "Тоҷикистони азизи мо ҳар рӯзаш ид аст! Барои ҳамин бозорҳои Душанбешаҳр ҳеҷ вақт ва ҳеҷвақтҳо нархи навояш ислоҳ намешавад?! Ҳоло идҳо дар пеш аст!)))" Ба гуфтаи ин бародари аҳли ислом тарафдорам, ки Тоҷикистон индҳои зиёд дорад барои ҳамин ҳар инд баҳона карда нарҳоро дар Душанбе бебардоранд))) Бояд раиси тозаинтихоб Рустами Эмомалӣ пеши роҳи ин гуна сафдогаронро гирад))))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)