Бахшҳо
24 июн 2017 08:12Тоҷикистон / Акс

Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 23-юми июн дар маҳаллаи Гипрозем дар бинои панҷошёнаи навбунёд ба 20 хизматчии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон калиди ҳуҷраҳои хуштарҳу замонавии зист супоридааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ бинои навбунёд бо харҷи 6 миллиону 280 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дорои тамоми шароитҳои зист мебошад.

Раиси Душанбе изҳор доштааст, ки масъалаи таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доша, тайи ин солҳо баҳри иҷрои ин мақсад корҳои зиёде амалӣ шудааст.

Инчунин Рустами Эмомалӣ роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад, аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, расман ифтитоҳ намуд: “Масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгтр шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар азнавсозии ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расондаанд”.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ афзуд, ки инчунин дар хиёбони Ҷ.Расулов, роҳи таҷдидшуда аз хиёбони Б.Ғафуров то кӯчаи Р.Набиев ба масофаи 3,47 км бо масоҳати 207 452 метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Рустами Эмомалӣ таъкид намудааст, тамоми имконияту захираҳоро сафарбар мекунад, то ҳамаи роҳҳои пойтахт ба сатҳи талаботи байналмилалӣ расонда шаванд.

Ӯ инчунин роҳи мошингарди кӯчаҳои Асадулло Ғуломов ва Муродулло Шерализодаи ноҳияи Синои шаҳри Душанберо, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ – директори ширкати "Элит-Строй-Сервис" Изатулло Давлатов навсозӣ шуд, мавриди истифода қарор додааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки айни замон бо роҳандозии тамоми имконоти мавҷуда ва истифодаи таҷрибаву техникаи муосир бунёди роҳҳои кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо саҳми соҳибкорон дар 4 ноҳияи пойтахт идома доранд.



Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)

Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)

Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)

Аз тақдими хонаҳо то ваъдаи Р.Эмомалӣ дар мавриди роҳҳо (АКС)
Мӯҳр
Зарафшон
Бисёр икдоми хуб. Мухтарам Раиси шахр Р.Эмомали дар махалаи Зарафшон дар мудати руз дар хонахои истикомати оби нушоки намешавад. Аз Шумо хохиш менамоем инро хам бартараф наоед. Чунки танхо Шумо метавонед шахрвандонро бо оби нушокии тоза таъмин намоед.

Омузгор
Факат низомиён? Чаро касе дар фикри омузгор нест? Оё мешавад рузе ки шунавем: "Ба омузгорон хона доданд!" ????

точик
ахсан Рустами Эмомали зинда боши

асад
Хонаро ба камғалон додан лозим , на ба шахсони доро

Мурочиат ба мири шахри Душанбе.
Хатхои тролейбус ки пеш буданд кай баркарор мешаванд.

Номдор
Офарин ба чунин раиси гамгор Худо нигахдорат бошад як ба Академияи илмхохам назар мекарден бисёр хуб мешуд.

Мухтарам Рустам Эмомали намешавад ки якбор Шумо бо рохи мошинагард ба шахри Хоруг биеед ва ба Чаноби Призидент Эмомали Рахмон Рости гапро бигуед ки инхел рохо факат дар Бадахшони Точикистон выучуд доранд Як бор хамин райисони дуздро пурсон кунад барои чи рохи Шуробод-Хоруг инкадар вайрон ва касиф мебошад илтимос аз Шумо


омузгор
бечора омузгор, о вай милисахо пул дорад бечора омузгор пул надорад ябор омузгоронхам назар кунед илтимос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)