Рақси помирии Сабзбаҳори 8-сола барои сокинони Вологда
Намояндагони ҷамъияти тоҷикон ба табрики 870-солагии шаҳри Вологда рафтаанд.
Бино ба иттилои торнамои vologda.ru, рақси тоҷикдухтари 8-сола яке аз хотирмонтарин лаҳзаҳои ҳунарнамоии ҷамъияти тоҷикон будааст. Сабзбаҳор Дороншоева бо либоси атлас рақси помирӣ иҷро кардааст ва ҳамсолону наврасони ӯ ҳам дар баробари вай рақсидаанд.
Бахшида ба 870-солагии шаҳри Вологда дар доираи лоиҳаи “Шаҳри кӯдакӣ” ҳафтаи Вологда ҷараён дорад. Дар ин чорабинӣ намояндаҳои миллатҳои мухталиф, ки дар Вологда ба сар мебаранд, сокинони шаҳрро табрик мекунанд. Намояндаҳои ҷамъияти тоҷикон дар майдончаҳои 20б ва Карл Маркс баромад кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |