Бахшҳо
29 июн 2017 15:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ширкати Tcell часпандаҳоро барои муошират дар Viber муаррифӣ мекунад

Барои корбарони яке аз маъруфтарин мессенҷерҳои муосир – Viber барои бо эҳсоси бештар ва баёни ҳисси худ ҳангоми гуфтугӯ бо рафиқон ва наздикон имконоти ҷадид фароҳам мешавад.

Ширкати Tcell дар мессенҷери Viber часпандаҳои худро барои муошират сохтааст.

Часпандаҳо дар Viber – часпандаҳои махсусеанд, ки мисли смайликҳои оддӣ ҳангоми муошират ба ҳамдигар фиристода мешаванд.

Бастаи “Дар алоқа бош!” аз Tcell нахустин тамғаи тоҷикии бастаи часпандаҳо дар Viber шуд.

Часпандаҳои мусбат ва хандаовар бо хусусиятҳои миллии тоҷикӣ ва инчунин ҳарфҳо аз Tcell имкон медиҳад, эҳсосоти худро дар мукотибаҳо аз рӯи табъ иброз намоед.

Боргирӣ ва насби бастаҳои миллии часпандаҳо аз Tcell дар мағозаи часпандаҳои Viber барои ҳама истифодабарандаҳо ройгон аст. Бастаи часпандаҳоро дар Мағоза метавон таҳти унвони “Дар алоқа бош!” пайдо кард. Бо насби бастаи часпандаҳо аз Tcell шумо метавонед якбора хонандаи хабарҳои гуруҳи Tcell гардед. Баъд аз он метавонед дар бораи хабарҳои охирин ширкат ва навоварӣ дар бозори телекоммуникатсионӣ иттилоъ гиред. Дар гуруҳи Tcell алакай наздики 18 ҳозор истифодабаранда сабт шудааст.

Соли 2015 ширкати Tcell барномаи миллии худ “ЧиГап”- ро барои муошират роҳандозӣ кард. Баъдан миёни рассомон ва дизайнерон барои сохтани смайликҳои “тоҷикӣ” озмун баргузор шуд, ки ҳоло дар барнома ҷорӣ шудааст.

Инҳо қаҳрамонони халқӣ тоҷиканд, ки салом медиҳанд, ба ош даъват мекунанд, ханда мекунанд, ғамгин мешаванд. Дар асоси смайликҳои сохташуда барои барномаи “ЧиГап” ширкати Tcell часпандаҳоро барои аудиторияи тоҷик дар Viber ҳам сохт.

Бо часпандаҳои шавқовар аз Tcell эҳсоси хуби худро дар фосилаҳо изҳор намоед.

Tcell- бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад.

AKFED - Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии халқҳои кишварҳои рӯ ба тараққӣ тарҳрезӣ шудаааст. Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин кор мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.
Мӯҳр
Сайдахтам
Хитоб ба ширкати Tcell. Мухтарам намояндагони ширкати tcell аз шумо эхтиромона хохиш менамоем, ки аз ин смайлику аз ин нагмахои бисёр хуб мешуд, ки ами трафикхое, ки бо нархи гарон мехарем хаминхоро хуб мешуд, ки ягон майда арзонтар мекардед.

Ба чои ин корхо нархи тарафики интернета арзон кнед намешад хм . .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)