Бахшҳо
04 июл 2017 10:45Узбакистон / Тема дня

Сархатиб гуфт, арзиши соаташ 20 ҳазор доллар нест

Қорӣ Анвар Турсунов, сархатиби шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон гуфтааст, соати дастиаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор оварда, бархеи корбарон арзиши онро 20 ҳазор доллари амрикоӣ гуфтаанд, тилоӣ нест. Ин соатро ӯ дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд баста буд.

Ба гуфтаи руҳонӣ, пеш аз Иди Фитр соати дастиаш аз кор монд. "Дар ҳамин ҳол ҷавони ошное канорам менишаст. Ӯ соати дастияшро ба ман туҳфа кард. Вақте пурсидам, ки чи қадар арзиш дорад, гуфт, дар Дубай бар ивази 200 доллар харидааст. Ҳоло овозаҳо паҳн шудааст, ки гӯиё ман соати 20 ҳазор долларӣ мебандам. Чаро туҳмат мекунанд? Дар бораи ин ҳама бояд аввал аз ман пурсанд ва соатро гирифта, арзишашро муайян кунанд. Дар умрам соати тилоӣ набастаам",-афзудааст ӯ.

Ӯ хабарҳо дар бораи зиндагии бошукуҳ доштанашро низ рад кардааст: "Дар хонаи падарам зиндагӣ мекунам. Шахси доро нестам. Метавонед ба хонаи ман омада, инро бо чашми худ бинед. Ман дар хонаи шахсӣ, дар масоҳати 0,03 гектар замин зиндагӣ дорам. Базудӣ 60 сола мешавам, вале то ҳол ягон хона бунёд накардаам. 5 фарзанд дорам ва аз модари пирам муроқибат мекунам. Агар зиндагии ман барои касе аҳамият дошта бошад, бигзор ба хонаам биояд".

Бархе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки сархатиби Тошканд мошини BMW 6 дорад. Вале Турсунов ин хабарро низ рад карда, гуфт, мошини навъи қадимии Chevrolet Captiva дорад ва онро барои ӯ писари соҳибкораш харидааст.

Қорӣ Анвар Турсунови 59-сола яке аз маъруфтарин руҳониёни расмии Узбакистон аст.
Мӯҳр
мухочири сарсон
Ин муллохои дарбори ранги попхои рус шудагиянд,попхо бо ланд крузер мегарданд аз Худо дур шудагианд ин ба ном хатибхо

мошини люкс доштани мулло чи бади дорад. Мулло бояд факат харсавор гардад ми.

Махмасиид
Ин нафар к,ори бошад, чи хел сархатиб шудааст? К,ориро курсавод мегуянд ку. О баъд ин нафар чи хел ба мардум чизеро аз Курон фахмонда метавонад?

наход ту сархатибро бо поп баробар кунӣ? фаромӯш накун, ки уламо меросбарони Пайғомбаронанд ва Худо қасоси азизонашро албатта мегирад, тавба кун, ки ҳоло фурсат дорӣ....

Эй мардум ин тухматаст ба ин бовар накунед мардумро барои аз ин гуна шахсон дилсард ва нафраташонро зиёд кардан тухмати нохак мезананд.............
Ёрони Худо Худо набошанд,
Як дам зи Худо чудо набошанд.

Nabi farhor
Чи магар Бмв 6 лексус ро танҳо раис ва Вазир ҳо ронанд.
Ҳама медонанд ки маъош аз 600с то 3000с нест.
Аммо мошин ва бостон сарой ҳоро бинед.
Худ хулоса бароред.
Ман бовари надорам ки мулоҳои тҷк ашёҳои тиллои ро истифода баранд.
Соати тиллои чаллаи тилои барои мард истифода кардан ҳаром аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)