Бахшҳо
11 июл 2017 09:09Тоҷикистон / Сиёсат

Шурӯи мулоқоти Президент бо фаъолон

Субҳи имрӯз, 11 июл мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оғоз гардид.

Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, дар ин мулоқот намояндагони касбу кори гуногун аз шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон баромад намуда, вобаста ба бандҳои алоҳидаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таклифу пешниҳодҳои худро баён хоҳанд кард. Манбаъ мегӯяд, бо ташббуси раисиҷумҳур дар рӯзҳои таҷлили 10 — умин солгарди қабули қонун ба хотири натиҷагирӣ аз он боз як ҳамоиши васеъ доир карда шуд, то ин ки бо дархосту пешниҳоди нави шаҳрвандон ба хотири такмил додани санади муҳим ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шавад: “Бо супориши Пешвои миллат то имрӯз тавассути телефонҳои боварӣ, почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма фикру дархост, таклифу пешниҳоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҷамъ оварда шуд”. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ҳамаи ин тадбирҳо пеш аз ҳама барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст ва ҳадафи дигар рушди анъанаҳои миллӣ, эҳёву гиромидошти расму оинҳои аз байнрафта, ба таври шоиста муаррифӣ кардани арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни бою қадимаи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мебошад. Манбаъ ёдоварӣ наммудааст, ки даҳ сол пеш, яъне соли 2007 бо ҳамовозии амиқи мардуми кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Мӯҳр
Али фархор
МУЛОКОТИ БИСЬЕР ЧИ ДАРКОР КОР КАРДАН ДАРКОР. ИКТИСОДИЕТ ХАРОБТАР ШУДА ИСТОДААСТ

Фарид
Шодии бехуда накунед аз ин мулокот! Баъди ин мулокот пешниходи аз байе бурдани чандин ананахои милли ва динии ин миллат дар назар аст! Холо хатман пешниходи бархам додани чанд Фарзу Суннати дигар мешавад!!!!

Саангали
Фаолон хама дар хорич асосан мардикор дар Россия ва кисми дигар бекору хонашинанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)