Бахшҳо
11 июл 2017 16:12Тоҷикистон / Сиёсат

Ҷӯразода дар бораи нобаробарии рушди маҳалҳо ва фирори мағзҳо

Тоҷиддин Ҷӯразода, ноиби раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Тоҷикистон, муҳокимарониҳо дар бораи онро, ки таваҷҷуҳи ҳукумати марказӣ ба рушди минтақаҳои кишвар якхела нест, бепоя донист.

Ҷӯразода имрӯз, 11-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба ниёзмандиҳо ва рушди ҳамаи минтақаҳои кишвар таъкид намуд: “Ҳангоми муҳокимарониҳо бояд ба як чиз таваҷҷуҳ кунем. Пешвои Миллат шахсан ба шаҳру навоҳӣ сафар мекунанд ва ҳар як масъалаи афзалиятнок, ки боиси таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат аст, аз ҷониби он шахс мавриди баррасии мӯшикофона қарор мегирад”.

Ҷӯразода зикр кард, ки маблағгузорӣ дар минтақаҳо ва расондани кӯмак дар доираи стратегия ва барномаҳои қабулшуда амалӣ мегардад: “Ҳар як чорабинӣ вобаста ба афзалиятнокии худ амалӣ карда мешавад”.

Ба гуфтаи ноиби раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президент аз 69 воҳиди ҳудудию маъмурие, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, аксарият ба кӯмаки давлат ниёз доранд. Ҷӯразода изҳор дошт, ки Тоҷикистон куҳсор аст ва ҷойгиршавии маҳалҳо низ гуногунанд. Ӯ афзуд, дар ин вазъ суханҳо, ки ҳамаи минтақаҳо якхела рушд ёбанд, аз руи адолат нест. Ба гуфтаи Ҷӯразода марҳила ба марҳила дар доираи барномаҳо мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ дар маҳалҳо бо ҷалби мардум, давлат ва бахши хусусӣ бартараф карда хоҳанд шуд.

Изҳороти раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президент дар ҳолест, ки таносуби рушди маҳалҳо дар Тоҷикистон хеле фарқкунанда аст ва ба ҳисоби коршиносон маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ сари ҳар сокини Суғд аз ММД сари ҳар сокини Бадахшон ба маротиб зиёд мебошад. Чунин нобаробариҳо ба мавқеи ҷуғрофӣ, малакаи соҳибкорӣ, инфрасохтор ва омилҳои дигар рабт дода мешавад.

Дар мавриди фирори мағзҳо аз маҳалҳо, махсусан аз маҳалҳои ақибмондаи Тоҷикистон, Тоҷиддин Ҷӯразода гуфт, муҳоҷират раванди маъмулӣ аст ва он набояд мояи тарс бошад: “Табиати инсон аст, ки кӯшиш мекунад, барои худ шароити беҳтари зиндагӣ фароҳам орад. Аз фирори мағзҳо набояд тарсем. Ҳар чӣ қадар кадрҳои мо дар берун ҷои кор ва мақоми худро пайдо кунанд, ҳамон қадар ин боиси ифтихори мост ва набояд боиси ваҳм гардад”.


Ҳакими Даврон
Мӯҳр
фикри бехтарин аст инсон хамеша барои ба даст овардани зиндагии бехтар талош мекунад ва агар дар хоричи кишвархам бошад хамеша ба ватани худ содик мемонад ва хамеша дустдории ватанашро аз дилаш дур намекунад ва агар дар хорич аз кишвар чои кори ебад ин мояи ифтихори Точикистон аст ва наздиконашро низ дар ватан мемонад.

Агар масъаларо дигар хел монем чи, мухтарам Чуразода ва мухлисашон "шахрванд". Давлат бояд барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи хар як инсон шароит фарохам орад. Он ки хамватани мо мухочир шуда, кувваи кории худро дар хорич масраф мекунаду фарзандхояш инчо бепадар калон мешаванд, хеч мояи ифтихор надорад. Шояд, барои беномус кабул бошад.... Вале ин холат монанд ба он аст, ки зан мегирвиу вазифаи мардиро ичро карда наметони ва занакро ба огуши марди дигар мепатои. Давлат барои сарпарастии шахрвандон, ташкили чойхои кори вазифадор аст.... Бо ин ривоятхо худро ором накунед.

Тамошобини цирк
Фикри ватан? Кадом ватан? Ба умед нашавед, ки магзхои рафтаги боз меоянд!

Барзу!!! Неким чони гапа гуфти бародар кайф кардум дор посухт ба (Гражданин).Офарин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)