Бахшҳо

ВИДЕО: Президент таърихан мансуби Чин будани Данғараро рад кард

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми Тоҷикистон, хабарҳоеро, ки гӯиё бисёри минтақаҳои кишвар, аз ҷумла Данғара таърихан минтақаи Чин будааст, беасос хонд.

Ахиран сомонаи eureporter.co матлаби муаллиферо бо номи Олга Малик таҳти унвони “Даъвоҳои арзии Чин дар Тоҷикистон нигарониро ба вуҷуд овардааст”, ба забони инглисӣ нашр намуд, ки дар он гуфта мешавад, авҷи наве аз даъвоҳои арзии Чин ба бор омадааст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки охири соли 2016 шуморе аз олимони чинӣ барои гузаронидани тадқиқот дар мавзӯи мансубияти қисме аз қаламрави Тоҷикистон ба Чин дархост дода буданд.

Аммо Фарҳод Раҳимӣ имрӯз, 13-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “ин хабари нашршуда пурра нодурусту иғвоангез буд. Изҳороте, ки аз қавли директори Институти таърих дар ин матлаб оварда шуд, бепоя буданд. Дар ҳамоише, ки директори Институт иштирок дошт, илмӣ буда, масоили марзу замин умуман дар он ҷо баррасӣ нашудаанд. Ин хабар пурра беасос буд”.



Дар матлаби eureporter.co гуфта мешуд, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Тоҷикистон, д-р Акрамӣ (Зикриё Акрамӣ - Озодагон) бо ҳамроҳонаш ҳангоми сафари худ ба Чин дар соли 2016 ин масъаларо бо олимони чинӣ баррасӣ карда буд ва гузаронидани тадқиқотро ба нақша гирифтанд, ки имкон дорад онҳо фактеро собит кунанд, ки қисме аз қаламрави Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон таърихан ба Чин мансуб аст. Дар ин матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, ки олимони чинӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳафриёти бостоншиносӣ мегузаронанд ва маблағгузории ин лоиҳаро Донишгоҳи политехникии Хян ба дӯш гирифтааст.

Ба навиштаи муаллифи ин мақола дар марҳилаи аввали ин лоиҳа тарҷумаи шашҷилдаи Таърихи халқи тоҷик анҷом дода мешавад, ки онҷо фактҳои ҷиддие дар мавриди таърихи пешина ва қадимаи Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки имкон дорад ончиро олимони чинӣ тасдиқ кардаанд, собит кунад.

Ба навиштаи муаллифи мақола дар марҳилаи дигар гузаронидани тадқиқот дар водии Бешкент ва ноҳияи Данғара дар назар аст, ки он ҷо бозёфтҳои бисёри марбут ба давлати Юэҳчӣ (government of Yuezhi (асрҳои I-II эраи мо) пайдо карда шуда буданд. Бозёфтҳо ба Юэҳчӣ ба гуруҳи этникии чиниҳо мансубанд, аммо бисёриҳо саҳван онро қисме аз гуруҳҳои юнонӣ донистаанд.

Муаллифи ин матлаб дар қисмати хулосавӣ навиштааст, ки “бостоншиносон, таърихшиносон ва дигар олимони Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки ахиран Чин ба омӯхтани қаламравҳои баҳсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти бартарии ошкори иқтисодиву сиёсӣ ва султаи Чин бар Тоҷикистон муваффақ мешавад”.

Навиштаи ин муаллиф дар ҳолест, ки ҷониби Тоҷикистон баҳси марзии Чин бо Тоҷикистонро дар соли 2011 бо додани 1 ҳазору 158 километри мураббаи бахше аз хоки худ ниҳоишуда номид. Он замон вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон додани хоки кишваро ба Чин ва ниҳоӣ кардани баҳси марзӣ бо ин кишварро “бурди дипломатияи тоҷик” унвон карда буд, ки ба вокунишҳои шадиде рӯ ба рӯ гардида буд.

Тоҷикистон бо Чин ҳудуди 500 километр марзи муштарак доранд ва дар соли 2002 Душанбе созишномаи ҳалли баҳси марзӣ бо Чинро имзо кард ва дар январи соли 2011 парлумони Тоҷикистон ин созишномаро ба тасвиб расонид. Ин амр вокунишҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Аммо мақомоти Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки бо ин иқдом Тоҷикистон на замини худро ба ихтиёри Чин додааст, балки як мушкили умдаи таърихро ҳал кардааст.
Мӯҳр
бояд ки расонахое ки ингуна хабархои игвоангезиро чоп мекунанд чарима супоранд то дар оянд байни ду рафики стратеги мушкилохо эчод нашавад вае расонахо харчизи игвоангезиро чоп накунанд чизхое муносибатхои давлатро вайрон насозад

Озод
Ман дуруст нафахмидам-Дангара ба Чин мансуб будааст ё баръакс. Дуюмаш таърихан дурусттар аст. Уйгуристон, ки онро Чин хеле баъд забт карда гирифт, таърихан хамеша дар кадим, ва асрхои миёна ба хайати давлатхои Осиёи Миёна дохил мешуд. Масалан, дар кадим Туркистони Шарки ба хайати давлати Кушониён дохил мешуд ва чанги кушониён бо Чин дар хамин замина рух дода буд. Дар давраи Сомониён Кошгар ба хайати давлати Сомониён дохил мешуд. Аслан мо бояд аз Чин даъвои замин кунем, на баръакс. Чунки мо бо Чин не бо Уйгуристон, ки онро чинихо забт кардаанд, хамсархадем.

Агар ба таърих руй оварем, (Китайская стена) садди чини дар хозира аз байни чумхурии Чин мегузарад. Хитоихо аз он рох хазорхо километро ба тарафи Осиёи Миёна ва Руссия аз худ намуданд. Ин хел бошад онхо аз он тарафи Китайская стена бираванд. Бехуда нагуфтаанд.. Ба Турк даст доди аз оринч медорад..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)