Бахшҳо
14 июл 2017 17:57Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тоҷиддин Пирзода: Пасандозҳои мардум ва қарзи давлатро бармегардонем

Масъулини “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, эътимод ва боварии мардумро ба бонк дубора барқарор хоҳанд кард.

Тоҷиддин Пирзода, раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” имрӯз, 14 июл дар як дидор бо хабарнигорон гуфт, муътақид аст, ки боварии мардумро ба ин ниҳоди молӣ бештар мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан дар суратҳисоби бонк ним миллиард сомонӣ “пули зинда” мавҷуд аст. “Ба боварии комил гуфта метавонем, ки амонатҳои мардум ва қарзи давлатро бармегардонем”,-афзуд Пирзода.

Ин ваъда дар ҳолест ки дар пайи буҳрони молӣ “Тоҷиксодиротбонк” натавонист амонатҳои муштариёнашро баргардонад. Баъди дарёфти кумак аз ҷониби давлат бонк эълон кард, ки ба баргардонидани амонатҳои мизоҷонаш шурӯъ кардааст. Моҳи декабри соли 2016 эълон шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъи бонкҳои тиҷории кишвар беш аз 3 миллиард сомонӣ ҷудо кардааст, ки аз ин ҳудуди 2 миллиард барои "Тоҷиксодиротбонк" ва як миллиард барои “Агроинвестбонк” пешбинӣ шудааст. Вале муштариёни бонк мегӯянд, ба онҳо моҳона ҳамагӣ дар ҳаҷми 200 доллари амрикоӣ ва он ҳам бо асъори миллӣ маблағҳояшон пардохт мешавад.

Шикояти муштариён: “Тоҷиксодиротбонк” ба ваъдааш вафо накард (АКС)

Ба гуфтаи ҷаноби Пирзода, бонк миқдории кофии маблағро дар ихтиёр дорад, аммо ба хотири риояи меъёрҳои Бонки миллии Тоҷикистон амонатҳои муштариёнро давра ба давра пардохт мекунад.

Раиси Раёсати “Тоҷиксодиротбонк” дар нишасти имрӯзи худ яке аз сабабҳои ба буҳрони шадид гирифтор шудани бонкро буҳрони ҷаҳонии молӣ ва бунёди сохтмонҳои азим дар қаламрави кишвар унвон кард.

Дар пайи ба мушкил печидани “Тоҷиксодиротбонк” Бонки миллӣ дар он маъмурияти муваққатӣ таъин намуд, ки фаъолияташ беш аз шаш моҳ идома кард.
Мӯҳр
Рустам
Хеч гох баргардонда наметавонад. Ду сол шуд мегуяд ним миллиард дорем, дар ин ду сол ин ду миллиард чи кадар аз хисоби курби пул кам шуд. Бонкир хар сумро имруз истифода мебарад, нигах дошти мурди.

Муштарии бонк
Точиксодиротбонк метавонад. Ҳукумат ин бонкро дастгирӣ кард, иншооллоҳ аз вазъият мебарояд.

Хамроз
шояд ин давраи вазинини санчиш буд акои Точиддин ба пеш бо Точиксодиротбонк бонке ки БРЕНДИ ТОЧИКИСТОН аст мувафаакият хамеша Ёратон ин хама валвалаву фитнаангезихохам сипари мешавад факат дидаву ру мемонад..................[

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)