Тоҷикистон ба сабқати Маҷористон 9 ҷудокор мефиристад
Тоҷикистонро дар чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни калонсолон 9 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ин сабқат аз 28 август то 3 сентябри соли равон дар шаҳри Будапешти Маҷористон баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чемпионат 451 варзишгар (занону мардон) аз 86 кишвар иштирок мекунанд. Шарафи варзиши Тоҷикистонро Суҳроб Боқиев (вазни -60 кг), Хушқадам Хусравов (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода, Саидмухтор Расулов (-73 кг), Садр Боев (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Саидҷалол Саидов (-100 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Хуршед Маҷидов (+100 кг) ҳимоя хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |