Бахшҳо

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар бораи санадҳои нодурусту ғайриқонунӣ

Дар нимсолаи аввали соли равон 28 санади судӣ дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон бо далели нодурусту ғайриқонунӣ будан аз ҷониби марҳилаҳои болоии ин ниҳод бекор шудаанд.

Мавлуда Қаландарзода
, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон 19 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, мизони санадҳое, ки аз ҷониби судҳои болоӣ бекор шудаанд, афзоиш ёфтааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар шашмоҳаи соли равон шумораи парвандаҳо низ ба Додгоҳи олии иқтисодӣ зиёд ворид гардидаанд. Ба гуфтаи хонум Қаландарзода, дар нимсола аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ 1430 парвандаи иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 167 адад зиёд мебошад.

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон қайд намуд, нисбати судяҳое, ки қарорҳои содирнамудаашон бекор шудаанд, чораҳо андешида мешавад. Аз ин пеш масъалаи афзоиши қарорҳои нодурусту ғайриқонунии додрасҳои кишвар аз забони Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон садо дода буд. Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 17 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанб гуфт, дар 6 моҳи аввали соли равон аз ҷониби судяҳои кишвар 266 санади нодурусту ғайриқонунӣ содир шудааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Он замон ӯ иброз дошт, қарорҳои ғайриқонунӣ содиркардаи судяҳо аз ҷониби судҳои болоӣ бекор шуда, нисбати додрасҳо чораандешӣ шудааст. Шермуҳаммади Шоҳиён ин ҳолатро яке аз камбудиҳои мақомоти додгоҳии кишвар арзёбӣ намуд.
Мӯҳр
амид
Барои бекор кардани кайди акди никох аз тарафи суди шахри Панчакент ва Сугд 22 санад ворид гардид, вале бенатича монд. Ахсан ба судияи Суди нохияи Синои шахри Душанбе, ки ба доди додрас расид ва халномаи дуруст кабул кард ....чунин судяхо дар Точикистон хеле кам хастанд ки конунро риоя мекунанд

Хостагирии кардхоро ба вазифаи судяги диверсификатсия кардан лозим.
Хукуки монополии факултаи хукуки ДМТ дигар чавобгуи талабот нест.
Кадрхои лоик дар дигар мактабхои олии чумхури низ омода шуда истодаанд. Ба озмунхои яктарафа ба ин вазифаи масъулиятнок хотима додан зарур...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)