Бахшҳо

Генерал Назарзода гуфт, сохтори КҲФ-ро тағйир медиҳанд (ВИДЕО)

Генерал Рустам Назарзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) мегӯяд, барои пешрафти бештари кори ниҳоди зертобеаш сохтори онро тағйир хоҳад дод.

Назарзода ин нуктаро 20 июл дар як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе изҳор дошта, афзуд, сохтори куҳнаи Кумита 7-8 сол пеш қабул шуда, ҳоло фурсати иваз кардани он фаро расидааст. Ӯ гуфт, сохторҳое, ки ҳоло фаъолият доранд, аслан вазифаи якдигарро такрор мекунанд. Генерал ҳамчунин таъкид кард, “имрӯз дар ноҳияҳо фақат як корманд дорем, мақсад пурзӯр кардани фаъолияти ноҳиявии кумита мешавад. Баъди қабули сохтори нав, барои пурзӯр намудани фаъолияти кумита дар минтақаҳо дар ноҳияҳои кишвар шӯъба ё зершӯъба ташкил мекунем”.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳуҷҷати қарори тағйири сохтор дар баррасии ҳукумат қарор дошта, баъди қабул гаштани он дар бораи сохтори нав маълумоти бештарро дар ихтиёри хабарнигорон хоҳад гузошт.



Рустам Назарзода дар идомаи нишасти хабарӣ дар мавриди бо техникаҳои замонавӣ муҷаҳҳаз кардани кумита гуфт, аз моҳи сентябр то ноябри соли равон аз ҷумҳурии Чин ба маблағи 70 миллион юан 62 намуд техника ворид хоҳанд кард: “Аз Ҷопон ба маблағи ним миллион доллар ва аз Русия ба маблағи 460 ҳазор доллар техникаҳои замонавиро қабул мекунем”.

Генерал Назарзода дар хусуси харидории чархбол гуфт, ҳоло кумита барои истифода ва нигоҳдории он омода нест. Ӯ афзуд, агар барои кумита чархбол лозим шавад, бо дастури раисҷумҳури кишвар ниҳодҳои қудратӣ онро ҷудо хоҳанд кард.
Мӯҳр
Хуб мешуд, ки Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКД ЧТ ба сохтори Кумитаи холатхои фавкулоддаи ЧТ шомил карда мешуд, зеро ки аз руи функсияи макомот ба Кумитаи холатхои фвкулода наздики дорад ва ин дар тачрибаи дигар давлатхо низ хамин тавр аст.. Дар ин сурат Кумитаи холатхои фавкулода ба яке аз макомотхои бонуфуз табдил меёбад....

ИН чи хел МЧС будаст, ки хатто як чархбол надорад? Мабодо ходисаи нохуш руй доихад ва фавран чархбол лозим шавад, лекин президент дар хорича бошад, шумо омадани уро интизор мешавед, ки аз сохторхои кудрати онро гиред? Ин хелаша акнун фахмидам))) Расо лахзахои гуворо дорад ин "давлатдории навини точикон"...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)