Бахшҳо

Ғасби теппаҳои Душанбе: Аз супориши Президент то фошкориҳои “Google” (ВИДЕОҲО)

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо истифода аз моҳвораҳои “Google” амалиёт алайҳи ғасби ғайриқонунии замин дар теппаҳои атрофи Душанберо пурзӯр карда, ишғоли худсаронаи заминро атрофи пойтахт бартараф намудаанд. Аммо мушоҳидаи “Озодагон” тариқи “Google” муайян намуд, ки бунёди хонаҳо дар теппаҳои атрофи пойтахт, аз ҷумла минтақаҳои хатарноки сафедхок, ҳанӯз ҳам ҷой дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода, раҳбари Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон ҳафтаи равон зимни як ҳамоиш гуфт, ҳангоми таъинаш ба ин мақом, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ӯро вазифадор намуда буд, ки теппаҳои атрофи пойтахтро таҳти назорати ҷиддӣ гирад. Ӯ гуфт, биноҳо дар сафедхок бунёд шудаанд ва Худо нокарда, агар борони сахт шавад, ҳоли ин мардумро ҳатто тасаввур кардан мушкил аст: “Заминҳо дар он ҷо асосан то соли 2008, аз сӯи ҷамоатҳо дода шудаанд. Мо гуруҳи корӣ ташкил кардем, ҳозир сохтмонҳо нест”.



Дилшод Назуров, сардори Раёсати назорати давлатии замини Кумита, низ гуфтаҳои раисаш дар бораи аз байн бурдани ғасби худсаронаи замин дар атрофи пойтахтро тақвият дод. Ӯ иддаоро, ки заминфурӯшиҳо, аз ҷумла, дар теппаҳои атрофи Душанбе тариқи масъулини Кумитаи замин дар маҳалҳо амалӣ мешаванд, рад карда, гуфт, бештар ба ин корҳо муҳандис-заминсозҳои ҷамоатҳо даст мезананд ва онҳо дар тобеияти ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошанд: “Сохтмонҳое, ки қаблан буд, ба ҳолати аввала баргардонда шуд. Ҳозир мо тариқи “Google” ҳам назорат дорем, ягон хел сохтмон нест. Баъзан сохтмонҳо мешаванд, мо фавран ба кумитаи идораи замини ноҳия муроҷиат мекунем ва рафта онро бартараф мекунем”.



Аммо наворҳое, ки “Озодагон” тариқи моҳвораҳои “Google” гирифт, нишон медиҳанд, ки сохтмонҳои ғайриқонунӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд ва дар атрофи пойтахт дар сафедхок деҳаҳои нави бузург, бидуни ягон инфрасохтор, аз ҷумла бунгоҳи тиббию мактабҳо ташаккул ёфтаанд.



Шамсулло Фозилов, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаи мазкурро пайгирӣ дорад, изҳор дошт, ки дар теппаҳои болои маҳаллаи Зарафшон, деҳаҳо бо ҳазорҳо хоҷагӣ ташаккул, ёфтаанд, ки на бунгоҳи тиббӣ, на мактаб ва баъзан ҳатто об надоранд. Кӯдакҳо километрҳо роҳро тай мекунанд, то ба ноҳияи Синои Душанбе ба мактаб оянд ва дар ин миён ҳодисаҳои нохуш низ ба қайд гирифта шудаанд. Рӯзноманигори тоҷик бо зикри шароити тоқатфарсои ҳаёти сокинони теппаҳои атрофи Душанбе, ки бисёрашон фирефтаи заминфурӯшҳо мебошанд, масъалаи бунёди бунгоҳи тиббию мактабҳоро барояшон дар миён гузошт.

Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезӣ гуфт, сохтмони мактабу бунгоҳҳо бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ сурат мегирад: “Агар чунин пешниҳод дар ҳамкорӣ бо мақомоти маориф ба ҳукумат ироа шавад, мо дар доираи салоҳияти худ чӣ кӯмаке зарур шавад, мерасонем”.

Аммо раёсати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, деҳаҳои навбунёд дар теппаҳои атрофи Душанбе ғайриқонунӣ буда, онҳо бартараф карда хоҳанд шуд ва масъалаи бунёди мактабу беморхонаҳо барои онҳо дар миён нест. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ба истиснои хонаҳо дар маҳаллаи Ховарон, сохтмонҳои дигар дар теппаҳои Душанбе ғайриқонуниянд ва аз байн бардошта хоҳанд шуд: “Дар доираи нақшаи генералӣ дар ин минтақаҳо бунёди боғҳо дар назар аст. Тибқи қарори ҳукумат мақомоти Ҳисор, Рӯдакӣ ва Варзоб ҳақ надоранд, дар ин минтақаҳо замин барои бунёди хонаҳо диҳанд, чун оянда ин минтақа ба қаламрави Душанбе шомил мешавад. Ин теппаҳои фурӯраванда мебошанд. Хонаҳо дар он ҷо оянда надоранд, онҳо бартараф мешаванд”.



Иддаои роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва Кумитаи идораи замин дар мавриди он, ки сохтмонҳо дар теппаҳои Душанбе асосан солҳои 90-и асри гузашта ва аввали солҳои 2000-ум пайдо шудаанд, дар ҳоле садо медиҳанд, ки назаре аз кайҳон ба теппаҳои атрофи пойтахт акси ҳолро нишон медиҳад. Муқоисаи аксҳои 30 соли охир аз кайҳон нишон медиҳанд, ки сохтмонҳо дар теппаҳои атрофи пойтахт асосан 8 соли охир авҷ гирифтаанд.



Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи сохтмон ва меъморӣ мегӯянд, зимни чаппасозии хонаҳо дар атрофи Душанбе, ки баъзеяш зери хатҳои баландшиддати барқ, назди партовгоҳи шаҳрӣ ва дар минтақаҳои фурӯраванда бунёд шудаанд, ҷубронпулӣ набояд пардохт гардад: “Зеро ин биноҳо ғайриқонунӣ сохта шудаанд”.

Аммо як манбаи “Озодагон” аз мақомоти давлатӣ гуфт, ҳукумат медонад, ки бархе аз соҳибони хонаҳои атрофи Душанбе фирефтаи мансабдорони маҳаллӣ шудаанду солҳо кор кардаанд, то кӯлбае бунёд намоянд: “Дар сатҳи ҳукумат медонанд, ки бисёри соҳибони хонаҳо фиребхӯрдаҳои заминфурӯшҳо ва мансабдорони тамаъкори маҳаллӣ мебошанд”.

Манбаъ таъкид намуд, ки воқеан сохтмонҳои ғайриқонунӣ атрофи Душанбе, аз ҷумла дар теппаҳое, ки ба ноҳияи Рӯдакӣ вориданд, ҷой дорад: “Сохтмонҳои ғайриқонунӣ танҳо дар Рӯдакӣ, дар ҳудуди 1300 гектар заминҳои корам ошкор шудаанд. Чарогоҳҳо аз ин ҳам зиёд. Мо ҳамаи инро санҷида, сабт кардем. Ҳозир ҳамаи инро ба ҳукумат пешниҳод кардаем, ки ҳукумат чӣ қарор қабул мекунад. Тасмими ҳукуматро интизорем”.


Ҳакими Даврон
Мӯҳр
Инхо хамон “Google”-ро хам "девона" мебаронанду, лекин ба дуруги худашон икрор намешаванд. Ин хам як мактабу хунар аст))))

ЛОИК
.Аммо раёсати Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, деҳаҳои навбунёд дар теппаҳои атрофи Душанбе ғайриқонунӣ буда, онҳо бартараф карда хоҳанд шуд ва масъалаи бунёди мактабу беморхонаҳо барои онҳо дар миён нест. Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ба истиснои хонаҳо дар маҳаллаи Ховарон, сохтмонҳои дигар дар теппаҳои Душанбе ғайриқонуниянд ва аз байн бардошта хоҳанд шуд:-- Чи хел гайриконуни будааст вактеки аз карори раиси чамоат сар карда то карори раиси нохия хаст ва хар сокини инмахаллахо сохиби дафтарчаи хавлидори мебошанд. Хадди акал дар ин махалхо зиёда аз 100000 оила зиндаги мекунад. Ин хамон одамоне хастанд, ки аз замони шурави то имруз дар шахр дар навбати хона буданду бо мехнати халол натавонистанд сохиби манзил шаванд. Мухтарам масъулон Шумо ба чойи кумак намудан, хамаи ин мардумро бехонумон кардани хастед? Ё бо ин амалхоятон зидди сиёсати бунёдкоронаю инсондустонаи Пешвои муаззами миллат хастед?? Ё ба кавли ЛОИК ШЕРАЛИ;- "ХОНАИ КОНУНИМ АГАР ИН НЕСТ, ХОНАИ КОНУНИМ МАГАР ГУР АСТ ?!"

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)