Масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши пошхурии оилаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ карданд.
Марҳабо Олимӣ, муовини раиси ин кумита имрӯз, 28 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, шурӯъ аз моҳи январи соли равон 5040 оила аз ҳам пошидааст. Ин рақам дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 516 ҳолат зиёд будааст.
Хонум Олимӣ яке аз далелҳои аслии ҷудошавии оилаҳои ҷавонро “омода набудани онҳо ба ҳаёти мустақил, дахолати хешу табор, вобастагии иқтисодӣ ба падару модар, бемории яке аз ҳамсарон, омода набудани худи ҷавонон, таҳаммулнопазир будани онҳо, издивоҷҳои хешутаборӣ ва таваллуди фарзандони маъюб” унвон кард.
Ба гуфти ӯ, вайроншавии оилаҳо ба ҷамъият хатари зиёд дошта, пешгии азҳампошии он танҳо кори Кумитаи кор бо занон набуда, балки кори дастаҷамъии ҳаммаи ниҳодҳо ва ҷомеа бояд бошад.
Ба иттилои Агентии омор дар шаш моҳи ахир дар миқёси Тоҷикистон 28103 ақди никоҳ ба қайд расидааст.https://youtu.be/WvR7YVLug3A
Мӯҳр