Ҳабси Гулнора Каримова расман тасдиқ шуд
Гулнора Каримова – духтари калони раисҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов бар асоси шаш моддаи кодекси ҷиноӣ ба ҳабс гирифта шудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулли Узбакистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, духтари раисҷумҳур дар қаллобӣ, пинҳон кардани асъори хориҷӣ, вайронкунии қонунгузории гумрукӣ, нақзи қоидаҳои тиҷорат ё хизматрасонӣ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада муттаҳам мешавад.
Бино ба маълумоти тафтишот, Каримова ба гуруҳи ҷиноие шомил шудааст, ки дар хориҷи кишвар қариб 1,4 миллиард доллар, 63,5 миллион евро, беш аз 27 миллион фунт ва 18.5 миллион франки Швейтсариро пинҳон кардааст. Расонаҳо менависанд, ҳамчунин ошкор шудааст, ки ин гуруҳ дар дар Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Швейтсария, Русия ва Латвия амволи зиёд доранд. Прокуратураи Узбакистон ба мақомоти ин кишварҳо бо дархости ҳабси дороиҳои онҳо дархост фиристодааст.
Мушкили Гулнора Каримова ҳанӯз замони зинда будани падараш шурӯъ гардида буд. Ӯ замоне ки падараш сари қудрат буд, эълон кард, дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Дар ин мушкили худ вай хоҳар ва модарашро гунаҳкор донист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |