Бахшҳо
31 июл 2017 09:54Тоҷикистон / Тема дня

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ дар бораи бинои нави парлумон: Аз аввал бо Чин гуфтушунид доштем (ВИДЕО)

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд дар мавриди аз ҷониби Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ шудани бинои нави парлумон хабар надошт.

Файзиддин Қаҳҳорзода,
раиси Кумитаи сармоягузорӣ имрӯз, 31 август дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, дар васоити ахбори омма хабарҳое нашр шуда буд, ки гӯиё бинои нави парлумон бо маблағи Арабистони Саудӣ бунёд мешавад. Аммо ба қавли вай, аз оғоз гуфтушунид барои сармоягузории бинои парлумон ва ҳукумат бо ҷумҳурии мардуми Чин сурат гирифта буд.

Ин дар ҳолест, ки моҳи майи соли 2016 Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон омодагии кишварашро барои маблағгузории бунёди маҷмааи парлумонӣ баён дошта буд. баъдан расонаҳо навиштанд, ки Арабистон аз маблағгузорӣ даст кашидааст. 19 июли соли равон Ҷамшед Аҳмадзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон ақибнишинии Арабистони Саудӣ аз сармоягузории бинои нави парлумонро тасдиқ намуда, изҳор дошт, маблағгузории ин биноро Чин ба уҳда гирифт. Ӯ афзуд, маҷмааи нави парлумони Тоҷикистон дар маркази пойтахт бо гранти 100 фоизаи Чин бунёд мегардад. Ӯ ҳаҷми гранти Чинро ҳудуди 230 миллион доллари амрикоӣ гуфт: “Ҳозир грант ҷудо шуд. Корҳои топографӣ оғоз шуд, лоиҳасозӣ аз тарафи пажуҳишгоҳ идома дорад. Сохтмони бинои нави парлумон то охири сол оғоз хоҳад шуд”.

Ақибнишинии Саудӣ аз сохтмони парлумони Тоҷикистон: Худоро шукр, Чин грант дод (ВИДЕО)

Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон қаблан гуфта буд, бинои нави парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 8 га бунёд мешавад. Он дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ дар ҷойи бинои шаҳрдорӣ ва Вазорати кишоварзӣ қомат хоҳад афрохт. Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ дар нишасти матбуотии имрӯз гуфт, пардохти ҷубронпулӣ ба афроде ки дар ҳудуди бинои нави парлумон нуктаи савдо ё манзил доштанд, шурӯъ шудааст.


Мӯҳр
Навои
Дар парлумоне ки барои кабули конунхо 99 дарсад аъзоёнаш даст мебардоранд ва мухолифе пайдо намешавад ин бино чи лозим?

Навои,
Навои ,дуруст гуфтед инҷо сохтани ҳамон сохтмон шарт нест ,мумкин дар солҳои наздик сохтаҳам нашавад.
Мақсад ин аст,ки аз ин ҳисоб чандин одамон боз соҳиби дачаву джипҳо мешаванд ана ин зарур аст.

Кадом боакл бинои парламент - макоми конунгузори давлатро аз хисоби гранти хоричи месозад? Шумо дар бораи дурнамои сиёсии ин икдом ягон андеша кардед? Ё барои шумо кадом давлату ниходе "пули муфт дод - хуш омад"....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)