Вазири нақлиёт: Ронандаи мусофирбар дағалона маро фуровард (САДО)
Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон дағалии бархе аз ронандаҳои мусофирбарро дар пойтахт тасдиқ карда, изҳор дошт, шахсан худи ӯро низ ронандаи “тангем”-е дағалона аз мошинаш берун карда буд.
Худоёрзода имрӯз, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе тасдиқ кард, ки дар кишвар, ба вижа пойтахти кишвар ҳолатҳои дағалии ронандаю пулчинакҳои нақлиёти мусофирбар ҷой дорад. Ӯ таъкид намуд, дар чунин ҳолатҳо шаҳрвандон бояд хомуш набошанд ва чунин афроди дағалро ба қавле дар ҷойи ҳодиса “дар ҷояшон шинонанд". Дар акси ҳол, афроди дағал ин тарзи муносибатро ҳамчун як амали муқаррарӣ қабул мекунанд.
Вазири нақлиёт афзуд, дар гузашта давоми 8 сол ба ҳайси муовини вазири нақлиёт кор кард ва рӯзҳои шанбе якшанбе аз хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебурд: "Рӯзе савор шудам, то гардиши микрорайони 33 маро бурд. Он ҷо дар нақлиёт танҳо мондам, ки ба ронанда занг заданд. Баъд ӯ ба ман гуфт, ки фаро ман бояд баргардам. Гуфтам, чӣ хел фароям, бояд маро то охир барӣ. Оқибат маро фуровард, ман номери тангемро гирифтам, рӯзи дигар хадамоти давлатии назорат он ронандаро ба утоқи кориям оварданд, ки меларзид. Гуфт, ман гумон накардам, ки муовини вазир ҳам ба тангем савор мешавад. Посух додам, ки ман ҳамчун муовини вазир не, ҳамчун шаҳрванд савори нақлиёти ҷамъиятӣ шудам. Иҷозатномаи он мардро гирифтанд, хеле гиряю нола кард”.
Вазири нақлиёт мегӯяд, чунин зуҳурот замони шӯравӣ низ буд, аммо русҳо, ки дар кишвар зиёд буданд, афроди дағалро зуд "дар ҷояшон мешинонданд". Ӯ таъкид намуд: “Ҷуръати мо тоҷикон камтар аст. Агар вокуниш накунему дағалонро "дар ҷояшон нашинонем", одаме, ки дағалона рафтор мекунад, ин таври муносибаташро ҳамчун муқаррарӣ қабул мекунад”.
Худоёрзода илова намуд, феълан барои роҳ наёфтани шахсони тасодуфӣ ба ҳайси ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ чора андешида истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дарсҳои омӯзишӣ дар ширкатҳои мусофирбарӣ роҳандозӣ шудааст ва талош мешавад, дар оянда чунин машғулиятҳо бештар карда шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |