Бахшҳо
31 июл 2017 15:17Тоҷикистон / Видео

Ф.Қаҳҳорзода: Барои сармоягузорони эронӣ маҳдудияте вуҷуд надорад (ВИДЕО)

Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ ҳеч маҳдудияте вуҷуд надорад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 31 июл дар нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошта, афзуд, Тоҷикистон баръакс ҳавасманд аст, то соҳибкорони эронӣ дар иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ намоянд.

Қаҳҳорзода афзуд, саҳмгузор ва ё сармоягузор вобаста ба ҳавасмандии худ ба ин ё он кишвар барои пешбурди фаъолият сармоя мегузорад: “Ширкатҳои эронӣ имрӯз дар иншоотҳои мо хуб фаъолият доранд, вале дақиқан гуфта наметавонам, ки барои чӣ онҳо имрӯз дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда наметавонанд. Агар имрӯз таваҷҷуҳ карда бошед, теъдоди хеле зиёди ширкатҳо дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки барои фаъолияташон ягон монеае нест”.

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар аз бунёди нақби “Истиқлол” ва НБО “Сангтуда-2” мисол зад, ки бо дастгирии Эрон бунёд шудаанд: “Онҳо дар тарҳҳои инфрасохтории роҳҳо низ саҳми хело зиёд доранд”.

Ҷаноби Қаҳорзода гуфт, ба қарибӣ бо соҳибкорони ҶИЭ оид ба таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе чанд вохурӣ доштанд: “Омодагӣ доранд, ки ҳудуди 100 миллиён доллар барои таъсиси чунин як корхона дар Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Ин масъала ҳоло ҳам дар сатҳи кумита ва ҳам дар сатҳи мақомоти шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)