(VIDEO) “Бохтар” ном гирифтани Қӯрғонтеппа ниҳоӣ нест"
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Бохтар ном гирифтани Қӯрғонтеппа ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест.
Шарофзода имрӯз, 31-уми июл дар посух ба “Озодагон” гуфт, дар масъалаи Бохтар ном гирифтани шаҳри Қӯрғонтеппа феълан гуруҳи корӣ фаъолият дорад: “То ҳол хулосаи аниқ надодааст. Хулосаи гуруҳи кориро, ки аз олимони зиёд иборат аст, интизор мешавем”.
Қаблан расонаҳо иттилоъ доданд, ки дар сатҳи ҳукумат дар мавриди номгардон кардани маркази вилояти Хатлон аз Қӯрғонтеппа ба Бохтар тавофуқи лозим ҳосил шудааст. Олимон барои Қӯрғонтеппа аз ҷумла номҳои Вахшонгирд, Вахшонмарз, Вахшризм, Вахшвеҷа, Ҳаловардро пешниҳод намуда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |