Ноиби раиси Кумита: Оқохон не, Оғохон дуруст аст (ВИДЕО)
Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, расонаҳои кишвар бояд Оғохон нависанд, на Оқохон.
Саодатшо Матробиён, муовини раиси Кумита 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, дар забони тоҷикӣ корбурди Оғохон роиҷ мебошад: “Дар шакли форсӣ Оқохон буда, дар тоҷикӣ шакли дурусти он Оғохон аст. Бинобар ин бояд дар тамоми рӯзномаҳои тоҷикӣ калимаи Оғохон истифода карда шавад”.
Ба гуфтаи Матробиён дар забони форсӣ ҳарфи “ғ”-ро “қ” талаффуз мекунанд: “Агар ба ин нигоҳ кунем, пас мо овози “ғ”-ро, ки овози тозаи суғдӣ ҳаст, аз даст медиҳем. Худи овози “ғ”, овози суғдӣ буда, дар калимаҳои зиёди суғдӣ, ба мисли нағз, боғ ва оғоз ҷой дорад”.
Муовини раиси Кумита мегӯяд, талаффузи забони тоҷикӣ аз форсӣ фарқ дорад: “Дар забони форсӣ низ дар шакли оғо менависанд ва дар шакли оқо талаффуз мекунанд. Мо дар талаффуз ва навиштамон оғо ҳаст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |