Бахшҳо
31 июл 2017 21:40Ҳуқуқи инсон

Д. Гулмаҳмадзода: “Бигзор, нони қоқ хӯрем...”

Шомилшавии сокинони ноҳияи Бохтар ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ва иштирокашон дар задухӯрдҳои Сурияву Ироқ нисбати дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёдтар аст.

30 ДАРСАДИ ИФРОТИҲО АЗ БОХТАРАНД?

Давлатшо Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон зимни як вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Бохтар аз ин тамоюли номатлуб изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, иттилоъ дод, ки аз 400 ҷавонони хатлонии ба гурӯҳҳои ифротию террористипайваста 30 дарсадашон аз Бохтар ҳастанд.
“Бигзор, нони қоқ хӯрем, аммо дастамон хунолуд набошад”,-афзуд раиси вилоят.

Парвиз Азимов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бохтар зимни суҳбат бо мо илова кард, ки аз ин ноҳия 98 нафар ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шомил шудаанд.

АЗ 8 ТО 13 СОЛ ҶАЗО ГИРИФТАНД

Д. Гулмаҳмадзода: “Бигзор, нони қоқ хӯрем...”– Дар ин замина прокуратураи ноҳия давоми соли 2016 ва 3 моҳи соли ҷорӣ нисбати он шахсоне, ки ба сафҳои террористону экстремистон пайвастаанд, 21 парвандаи ҷиноятӣ оиди 27 нафар оғоз карда, барои баррасӣ ба суд ирсол кардааст,- гуфт Баҳром Шомирзода, муовини прокурори ноҳияи Бохтар.

– Парвандаҳои хусусияти экстремистию террористидошта, - мегӯяд Сайраҳмон Давлатзода, раиси Суди ноҳияи Бохтар, - соли 2016 дар қиёс ба солҳои гузашта хеле зиёд ворид гардид. Зеро агар мо соли 2015 ҳамагӣ дуто парванда доштем, пас, соли 2016 нисбати 11 сокини ноҳия 10 парванда боз кардем. Суд баъд аз баррасии 9 парванда гунаҳкоронро аз 8 то 13 сол равонаи зиндон карда, як парвандаро ба Суди вилояти Хатлон фиристод. Чунончи, шаҳрвандон Барот Шамсов бо дастарасии моддаи 32, қисми 3 ва 401-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (cӯиқасд ба зархаридӣ) ба муҳлати 12 сол ва Саломиддин Исоев бо моддаи 307, прим 3, қисми 2 ва 324, қисми 3 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 401, прим 1-и (Зархаридӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

ЧАРО ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ МАЙЛ ДОРАНД?

Д. Гулмаҳмадзода: “Бигзор, нони қоқ хӯрем...”Ба андешаи Парвиз Азимов як сабаби гаравиши ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ нокифоя ё умуман надоштани донишҳои динию дунявӣ мебошад. “Ҷавонони ноогоҳ ҳатто ба суханони нимчамуллоҳо бовар мекунанд. Омили дигар ин умед бастан ба роҳи осони пулёбӣ аст”, - изофа кард вай.

Гуфта шуд, ки ин шакли шомилшавӣ бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ асосан аз Федератсияи Русия тарҳрезӣ шуда, баъдан бо истифода аз роҳҳои гузариши давлатҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла Туркия ва Миср амалӣ мегарданд.
– Аксари ҷавонон аз надонистани қонунҳои кишвар даст ба чунин кирдорҳои нораво задаанд, - изҳор дошт Сайраҳмон Давлатзода, раиси Суди ноҳияи Бохтар. - Дар вақти баррасии парвандаҳо ҳамаи онҳо пушаймонии худро иброз медоштанд, вале “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” гуфтаанд.
Ба иддаои Баҳром Шомирзода, сабаби дигари пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ин ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани онҳо мебошад. “Дар он кишварҳо ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба ҷангҳои бемаънии Шому Ироқ мефиристанд”.

Д. Гулмаҳмадзода: “Бигзор, нони қоқ хӯрем...”Манбаъ гуфт, ки бо вуҷуди даъватҳои зиёд аз 127 сокини ноҳия то ҳол 23 нафараш аз мактабҳои хориҷии динӣ барнагаштаанд. Ва дар хусуси пайвастани 3 нафар ба ташаккулҳои террористӣ иттилоъ дарёфт гардидааст.
– Ин ҷавонон бо гумоне, ки ба биҳишт хоҳанд рафт, ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ мепайванданд, - мегӯяд Диловаршо Сафаров, мутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ноҳияи Бохтар. – Лекин ин ҷангҳое, ки имрӯзҳо дар давлатҳои Сурия ва Ироқ рафта истодаанд, аз нигоҳи Ислом ҷиҳод нестанд. Чунки Ислом рехтани хуни ноҳақро ба ҳеҷ ваҷҳ иҷозат намедиҳад.

ТАДБИР МЕАНДЕШАНД, АММО...

Мусоҳибони мо ки ҳамагӣ намояндаи мақомоти давлатӣ ҳастанд, баён карданд, ки баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан аз ҳисоби кулли сохторҳои давлатии ноҳия, имом-хатибон ва фаъолони ҷомеа гурӯҳҳои вижа таъсис дода шуда, корҳои оммафаҳмонӣ ҳатто бо усули хона ба хона роҳандозӣ гардидааст. Ба иддаои Парвиз Азимов ин тадобир боиси коҳишёбии гаравиши ҷавонони бохтарӣ гардидааст. Аммо Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни вохӯрӣ бо истиқоматкунандагони ноҳия чораҳои андешидаи мақомотро номуассир арзёбӣ кард. “Ин аз ҷой доштани тарбияи нодуруст дар баъзе оилаҳо ва фаҳмонида натавонистан аз ҷониби бахши маънавиёт ва дин гувоҳӣ медиҳад. Маслиҳатгар ки намондааст, натиҷа ҳамин аст. Барои рафъи ин гуна ҳолатҳои нангин бояд фаъолони ҷомеа, хусусан уламои дин ба дигарон намунаи ибрат бошанд”.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ


Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)