Бахшҳо

Соҳибкорони “Бозори марказӣ”: “Чекпулӣ”-ро ду баробар гарон карданд

Бархе соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и шаҳри Истаравшан иддао доранд, давоми 4 рӯзи охир масуълини бозор “чекпулӣ”-ро аз як сомонии қабл ба се сомонӣ боло бурдаанд.

Яке аз ин соҳибкорон бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, агар чанд рӯз пештар барои як метри мураббаъ аз онҳо 1 сомонӣ “чекпулӣ” мегирифтанд, ҳоло 3 сомонӣ талаб мекунанд. “Ман дар бозори хӯрока савдо мекунам. Сабаби якбора боло бурдани нархи чекро намедонем. Ин барои мо хеле гарон меафтад”,-гуфт ӯ.

Як тоҷири дигари ин бозор гуфт, ахиран барои боло бурдани “чекпулӣ” маъмурияти бозор бо соҳибкорон шартнома бастаанд: “Дар ин шартнома на имзои роҳбари бозор ҳаст ва на муҳр. Ҳамчунин муайян нашудааст, ки як нафар бояд чӣ миқдор “чекпулӣ” пардохт кунад”.

Соҳибкорон мегӯянд, ин ҳам дар ҳоле ки болопӯши бозор сурох буда, рӯзҳои боронӣ маҷбуранд, сурохиҳоро бо “селофан” пӯшонанд.

Қаҳрамон Устобоев, як масъули ин бозор, ки ба гирифтани “чекпулӣ” аз соҳибкорони “Бозори Марказӣ”-и шаҳри Истаравшан машғул аст, 2 август дар суҳбат ба “Озодагон” тасдиқ кард, ки миёни тоҷирон ва маъмури бозор шартномаи нав баста шудааст. Ӯ гуфт, шурӯъ аз рӯзи чоршанбе “чекпулӣ” аз 3 ба 2,5 сомонӣ поин оварда шуд: “Фурӯшандаҳои атриёт, собун ва айна 3 сомонӣ ва фурӯшандаҳои хӯрока 2,5 сомонӣ “чекпулӣ” месупоранд. Мо дидем, ки ба халқ душвор шуд, “чекпулӣ”-ро 50 дирам кам кардем”.

Дар ҳамин ҳол, Мурод Сангинов, мудири “Бозори Марказӣ”-и шаҳри Истаравшан гуфт, боло бурдани “чекпулӣ” бидуни асос сурат нагирифтааст: “Баъди таъмири роҳравҳои бозор ва тибқи қарордод амал намудани соҳибкорон нархномаи “чекпулӣ” дигар шуд. Қаблан як фурӯшанда дар 3 то 5 метр маҳсулоти худро мефурӯхт, вале “чекпулӣ”-ро ба хости худашон пардохт мекарданд. Пас аз қарорҳои “Тоҷикматлубот” ва таъмирҳо тартибот дигар шуд”.

Сангинов мегӯяд, ҳоло бозор таъмир ёфта, роҳравҳо васеъ шудаанд ва мувофиқи меъёр ҳар соҳибкор бояд барои ҳаҷми ҷойи дар ихтиёрдоштааш “чекпулӣ” супорад: “Мувофиқи нархи маҳсулотҳо барои “чекпулӣ” аз 1,5 то 4 сомонӣ меъёр гузошта шудааст. Мо ҷойҳои онҳоро ба худи соҳибкорон додем ва фаҳмонидем, ки бояд мувофиқи меъёр “че”пулӣ"-ро пардохт кунанд. Ман бо соҳибкорон маҷлис карда, фаҳмонидам, ки кадоме аз онҳо шароити зиндагии вазнин доранд, нарху наворо арзонтар мекунем. Мо ҳақ надорем, “чекпулӣ”-ро боло барем”.

Ба гуфтаи ӯ ҳамагӣ 3 моҳи ахир роҳбарии бозорро ба уҳда дорад ва дар ин муддат зиёда 1,500 метри мураббаъро таъмир кардаанд: “Ин чиз то имрӯз набуд. Кӯчаи назди бозорро мумфарш кардем. Ҳозир ҷойҳояшон пурра таъмир шуда, мо нақшабандӣ кардем, ки то охири сол болои боми бозорро таъмир кунем. Дар бозор зиёда аз 400 нуқтаи савдо мебошад”.

Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи як фурӯшандаи бозор таъмир аз ҳисоби худи соҳибкорон анҷом шудааст: “Бозор танҳо пули соҳибкоронро роҳбарӣ кард, аммо таъмир аз ҳисоби худи соҳибкорон шуд. Ҳар соҳибкор ҷойи савдояшро худаш таъмир кард”.
Мӯҳр
Мурод
Савдогарони бозор барои ҳимояи ҳуқуқҳояшон метавонанд ба ин мақомотҳо мурочиат кунанд:
- Мақомоти прокуратура www.prokuratura.tj
- Хадамоти зидди инҳисори (8)3422 4 6579. 4 6580. 4 6581
- Мақомоти коррупсия (8)3422 2 1541


Ин "чекпули" худаш чизе гап? Ин хел намуди андозу пардохт дар конунгузори некст-ку. Инаш "ихтирооти" кадом точики иштиходор бошад, интресно...

Бахруддин
Дар бозори паншнбеи шахри Хучанд аз 5сомони саркарда то 25 30 сомони аздехконон пул мегиран.
ман бояк чекчи чангчрлкарда гуфтамки аз болои ту шикоят мекунам гуфтам. у барман чунин чавобдодкм рав рафта гучоеки шикоят мекуни кардангир гуфт.
Азинхулоса
Мурод,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)