Хоманаӣ ба Руҳонӣ: Раъйҳоро тасдиқ ва шуморо барои даври дуюм президенти ҷумҳурӣ таъин мекунам
Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон интихоби дубораи Ҳасан Рӯҳонӣ ба мақоми раёсатҷумҳуриро расман тасдиқ кард.
Хоманаӣ имрӯз, 3 август дар як маросими вижа дар шаҳри Теҳрон гуфт, “ман раъйҳоро тасдиқ ва шуморо барои даври дуюм президенти ҷумҳурӣ таъин мекунам”.
Дар ин маросим, ки бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ сурат пазируфт, Маҳмуди Аҳамадинажод, раисҷумҳури пешини Эрон ва Иброҳим Раисӣ, рақиби аслии Рӯҳонӣ дар интихоботи сипаришуда, иштирок карданд.
Руҳонии 68-сола моҳи май барои дуввумин бор президенти Ҷумҳурии исломии Эрон интихоб шуд. Ӯ дар маросими имрӯз таъкид намуд, “ман ба ҳамаи онҳое, ки бузургии Эронро мехоҳанд, даст медиҳам”.
Қарор аст, 5 август Ҳасани Руҳонӣ дар парлумони Эрон савганд ёд кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |